Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи Перу, ки дар бозии ҷавобии плей-офф тими Зеландияи Навро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 роҳхат гирифт. Ин бозӣ субҳи панҷшанбеи 16-уми ноябр дар пойтахти Перу– шаҳри Лима, дар варзишгоҳи «Насонал», ба поён расид.

Ҳамлагари мунтахаби Перу Фарфан дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Кристиан Рамос дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расонд. Ба ин тартиб, мунтахаби Перу 32-юмин дастаест, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамони ҷаҳон-2018 роҳ ёфтааст. Ҳамагӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Русия 32 дастаи мунтахаб ширкат меварзад.

Ҷадвали бозиҳои мусобиқоти ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон баъди маросими қуръакашӣ, ки 1-уми декабри соли равон дар Кремли Маскав доир мешавад, маълум хоҳад шуд.

Ба ҷуз Перу, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот дастаҳои мунтахаби миллии Русия (ба ҳайси мизбон), Австралия, Дания, Белгия, Олмон, Англия, Испания, Полша (Лаҳистон), Исландия, Сербия, Фаронса, Португалия, Швейтсария, Шветсия, Хорватия, Бразилия, Уругвай, Колумбия, Аргентина, Мексика, Коста-Рика, Панама, Эрон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Нигерия, Миср, Марокаш, Тунис ва Сенегал ширкат меварзанд.

Бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон аз 14-уми июн то 15-уми июли соли 2018 дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград баргузор мешаванд.

Вале дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон барои аввалин бор пас аз 60 сол мунтахаби Италия иштирок намекунад. Инчунин барои аввалин бор баъди соли 1986 дар қаҳрамонии ҷаҳон мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат намеварзад. Нахустин бозии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи «Лужники», баргузор хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ низ дар ҳамин варзишгоҳ 15-уми июли соли оянда барпо мегардад.

Дар ҳоли ҳозир танҳо бозиҳои мунтахаби Русия дар сабқати гурӯҳӣ маълум аст. Аз рӯи анъана мизбонон бо бозии худ 14-уми июн дар «Лужники» мусобиқотро мекушоянд. Бозии дувумашро мунтахаби Русия 19-уми июн дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мекунад. Бозии даври севумро дар гурӯҳи “А” дастаи Русия 25-уми июн дар шаҳри Самара анҷом медиҳад.

Ҷадвали бозиҳои мусобиқоти ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон баъди маросими қуръакашӣ, ки 1-уми декабри соли равон дар Кремли Маскав доир мешавад, маълум хоҳад шуд.

Натоиҷи бозиҳои плей-оффи Ҷоми ҷаҳон-2018

Плей-офф - Аврупо

09.11.2017

12.11.2017

Ирландияи Шимолӣ Швейтсария

Швейтсария Ирландияи Шимолӣ

0:1

0:0

Ғолиб аз рӯи натоиҷи 2 бозӣ:

Швейтсария

09.11.2017

12.11.2017

Хорватия Юнон

Юнон Хорватия

4:1

0:0

Ғолиб аз рӯи натоиҷи 2 бозӣ:

Хорватия

10.11.2017

13.11.2017

Шветсия Италия

Италия Шветсия

1:0

0:0

Ғолиб аз рӯи натоиҷи 2 бозӣ:

Шветсия

11.11.2017

14.11.2017

Дания Ирландия

Ирландия Дания

0:0

1:5

Ғолиб аз рӯи натоиҷи 2 бозӣ:

Дания

Плей-оффи байниминтақавӣ

11.11.2017 Гондурас – Австралия 0:0

15.11.2017 Австралия – Гондурас 3:1

Ғолиб аз рӯи натоиҷи 2 бозӣ Австралия. ​

11.11.2017 Зеландияи Нав – Перу 0:0

16.11.2017 Перу – Зеландияи Нав 2:0

Ғолиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ Перу.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG