Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов омодагиро ба бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими Яман шуруъ кард. Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - даъват шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври панҷуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Яман 14-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон муқобили Яман:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳарчор – «Истиқлол»), Зоир Ҷӯрабоев, Фирдавс Чақалов (ҳарду – ССКА «Помир»), Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Хуршед Бекназаров (ҳарду – «Хуҷанд»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Шериддин Бобоев («Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохтааст. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад ва дар даври чаҳорум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври чаҳоруми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 8 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 11-7) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 6 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 5-4) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 9-7) дар ҷойи севум мебошад. Мунтахаби Непал бо як имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 2-9) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.
Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Мусобиқоти гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома хоҳад кард.
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфта, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарин - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд.
Ҷоми Осиё-2019
Мусобиқоти интихобӣ.
Бозиҳои ду даври боқимондаи гурӯҳи “F”
Даври 5-ум
14 ноябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Яман
Непал – Филиппин
Даври 6-ум
27 марти соли 2018 (сешанбе)
Филиппин – Тоҷикистон
Яман – Непал
Беодоб будан хуб нест, чизеро намедонӣ беҳтараш хомуш бош, як назар кунед, ҳазорон ҳазорон мардум ба видоъи ӯ рафтанд, ин магар эҳтиром нест?
Макомот боз дуруггуи мекунад.
Ман мулло нестам ,hushbahtona,vale hususi ovardani korgaron az digar davlatho...charo ne , shoyad ruze chunon rasad. Файзу баракати давлатхои араб az ruzadoriashon nest (onho on kadar dindori surh nestan chun forsho) az naftu gazashon ast!!!
Мавлавӣ Аслуддин? Мунҳасир ба фард ва кайфияти олӣ, шаволеи калом ва шамшер. Намефаҳманд. Боз мегуям, намефаҳманд! Мутаасифона қобилияти дарки ақлии мардуми Тоҷик ҳоло низ барои фаҳмидани Мавлавӣ Аслуддин, заъиф аст. Ну посмотрите, кто сейчас в том же “хукумате”, “амнияте” и стратегическом центре... лично у меня вызывают интеллектуальную блевоту. Люмпены и маргиналы, у которых деформировано интеллектуальное восприятие и эстетика. Этот сброд, никогда не поймёт exclusive high quality chivalry.
Биё хамин худат Кромвел шав