Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи нуқрагини YouTube ба Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Саҳифаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар YouTube, ки пурбинандатарин саҳифа (канал) дар Тоҷикистон аст, барои ҷамъ кардани 100 ҳазор пайрав, соҳиби Ҷоизаи Нуқраӣ шуд, ки ин шабакаи иҷтимоӣ тақдим мекунад.

Дар номае, ки бо имзои Сюзан Войчиски, мудири иҷроияи YouTube ба мо расид, омадааст, ки ба афроди каме муяссар мешавад, ки 100 ҳазор пайрав ҷамъ биёрад ва ин нома нишонаи эҳтироми мо ба шумост.

Канали ozodivideo соли 2011 боз шуд ва бештар 160 ҳазор пайрав пайдо кард. Тамоми видеоҳоеро, ки дар ин канал гузошта шудаанд, бинандагон тақрибан 140 миллион маротиба тамошо кардаанд.

Радиои Озодӣ ба шарофати шумо, бинандаи арҷманд ин ҷоизаро ба даст овард ва аз шумо барои садоқат сипосгузор аст.

Шумо ҳам ба сафи дӯстони мо бипайвандед ва видеоҳои ҷолиби Тоҷикистонро бубинед. https://www.youtube.com/user/Ozodivideo

Ҷоизаи YouTube ба Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

XS
SM
MD
LG