Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар раҳбарияти Саудӣ қимати нафтро боло бурд


Шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон
Шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон

Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба сатҳи баландтарин сатҳи худ дар ду соли ахир расид. Рӯзи 6 ноябр нархи як бушка нафти хом ба 63 доллар расид.

Як идда коршиносон боло рафтани қиммати нафтро ба дигаргунии ахир дар доираҳои ҳукмрони Арабистони Саудӣ - яке аз кишварҳои аслии истеҳсолкунандаи нафт, вобаста карданд. Рӯзи 5 ноябр аз боздошти 11 мақоми баландпоя, бо шумули вазирон ва аъзои хонаводаи салтанатӣ хабар пахш шуд. Ба гуфтаи манобеи хабаргузории Reuters, онҳо ба ришвахорӣ, пулшӯӣ ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам шуданд. Дар байни ин нафарон миллиардер Ал-Валид бин Талол низ ҳаст.

Боздошти мақомоти баландпоя ба мушоҳидаи нозирон, аломати таҳкими нуфузи шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон аст, ки чанде пеш ба кумитаи зидди фасод раҳбар таъйин шуд. Шоҳзода Муҳаммад тарафдори коҳиши квотаи истеҳсоли нафти ОПЕК - ташкилоти кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт аст, ки метавонад нафтро дар бозори ҷаҳонӣ камчин кунад.

XS
SM
MD
LG