Пайвандҳои дастрасӣ

Шри-Ланка аз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 6 гол хӯрд


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола тими Шри-Ланкаро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. Ин бозӣ 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Се голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Атҳамҷон Абдуллоев ба самар расонида, хет-трик кард. Умарҷон Шарифов, Далер Ёдгоров ва Шаҳром Самиев якголӣ заданд. Дар бозии дигари даври дувуми мусобиқоти гурӯҳи “В” мунтахаби Узбакистон низ тими Молдивро бо ҳисоби 6:0 мағлуб кард. Ду голро Ислом Кенҷабоев ба ҳадаф расонд. Ҷумъақулов, Саитов, Аскаров ва Раҳимов якголӣ заданд.

Баъди натиҷагирии даври севуми мусобиқот дастаи мунтахаби ҷавонони Узбакистон бо 6 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” пешсаф аст. Дастаҳои Тоҷикистон ва Бангладеш бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Дастаҳои Молдив ва Шри-Ланка якимтиёзӣ гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, футболбозони ҷавони тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аввалин бозиашонро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо тими Бангладеш, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буданд.

Бозиҳои ду даври охирини мусобиқот рӯзҳои 6-ум ва 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир хоҳанд шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) севумин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» имрӯз, 6-уми ноябр, бо мунтахаби Молдив анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 8-уми ноябр бо дастаи Узбакистон рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола

Гурӯҳи “В”. Даври 3-юм

Тоҷикистон – Шри-Ланка – 6:0

Голҳо: Атҳамҷон Абдуллоев, 31 (1:0). Атҳамҷон Абдуллоев, 33 – аз пеналтӣ (2:0). Умарҷон Шарифов, 75 (3:0). Далер Ёдгоров, 79 (4:0). Шаҳром Самиев, 83 (5:0). Атҳамҷон Абдуллоев, 86 (6:0).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Маҳмадзарифи Абдураҳим (Султоншо Мирзоев, 46), Шарафҷон Солеҳов (Сорбон Авғонов, 65), Атҳамҷон Абдуллоев, Оятулло Сафаров, Алишер Баротов (Саидмухтор Азимов, 46), Далер Ёдгоров, Шаҳром Самиев, Умарҷон Шарифов.

Беҳтарин бозигари дидор : Атҳамҷон Абдуллоев (Тоҷикистон).

Сардовар: Аҳмад Яъқуб Иброҳим (Урдун).

Комиссари бозӣ: Санҷай Кумар (Ҳиндустон).

4 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

Узбакистон – Молдив – 6:0

Голҳо: Ҷумъақулов, 22 (1:0). Ислом Кенҷабоев, 38 (2:0). Дилшод Саитов, 53 (3:0). Ислом Кенҷабоев, 60 (4:0). Аскаров, 67 (5:0). Раҳимов, 71 (6:0).

Сардовар: Яъқуб Саид Абдулло Абдул Боқӣ (Умон).

Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷебрил (Фаластин).

4 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбакистон

2

2

0

0

16-0

6

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

6-0

4

3

Бангладеш

2

1

1

0

1-0

4

4

Молдив

3

0

1

2

2-9

1

5

Шри-Ланка

3

0

1

2

2-18

1

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «В»

Даври 4-ум

6 ноябр (душанбе)

14:00 – Бангладеш – Узбакистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Тоҷикистон – Молдив. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 5-ум

8 ноябр (чоршанбе)

14:00 – Шри-Ланка – Бангладеш. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG