Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аввалин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо тими Бангладеш бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Ин бозӣ шоми сешанбеи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба поён расид.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Бангладеш, Молдив, Тоҷикистон, Шри-Ланка ва Узбакистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор то рӯзи 8-уми ноябр идома хоҳад кард.

Бозиҳои даври аввали мусобиқот 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир шуданд. Нахустин бозии гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Молдив ва Шри-Ланка бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Бинобар омодагии Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эйр Форс”-и Ироқ, бозиҳои даврҳои дувуму севуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» рӯзҳои 2-юм ва 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегарданд. Бозиҳои ду даври охирини мусобиқот рӯзҳои 6-ум ва 8-уми ноябр боз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир хоҳанд шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дувумин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» рӯзи 4-уми ноябр бо мунтахаби Шри-Ланка анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 6-уми ноябр бо тими Молдив ва 8-уми ноябр бо дастаи Узбакистон рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В». Даври якум

Бангладеш – Тоҷикистон – 0:0

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Оятулло Сафаров, Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (Сорбон Авғонов, 59), Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров (Шарафҷон Солеҳов, 56), Шериддин Бобоев, Адҳамҷон Абдуллоев.

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадд Тутул Ҳусайн Бадша, Риядул Ҳасан (Бангладеш), Далер Ёдгоров, Оятулло Сафаров (Тоҷикистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Маҳфуз Ҳасан Притом (Бангладеш).

Сардовар: Яъқуб Саид Абдулло Абдул Боқӣ (Умон).

Комиссари бозӣ: Санҷай Кумар (Ҳиндустон).

31 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошогар.

Молдив – Шри-Ланка – 2:2

Голҳо: Ришван Исмоил, 15 (1:0). Разуния Муҳаммад Шабир, 44 (1:1). Мусанниф Муҳаммад, 46 (2:1). Малшан, 90+2 (2:2).

Сардовар: Аҳмад Яъқуб Иброҳим (Урдун).

Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷебрил (Фаластин).

31 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Молдив

1

0

1

0

2-2

1

2

Шри-Ланка

1

0

1

0

2-2

1

3

Бангладеш

1

0

1

0

0-0

1

4

Тоҷикистон

1

0

1

0

0-0

1

5

Узбакистон

0

0

0

0

0-0

0

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти гурӯҳи «В»

Даври 2-юм

2 ноябр (панҷшанбе)

12:00 – Шри-Ланка – Узбакистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – Молдив – Бангладеш. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

4 ноябр (шанбе)

12:00 – Узбакистон – Молдив. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – Тоҷикистон – Шри-Ланка. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 4-ум

6 ноябр (душанбе)

14:00 – Бангладеш – Узбакистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Тоҷикистон – Молдив. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 5-ум

8 ноябр (чоршанбе)

14:00 – Шри-Ланка – Бангладеш. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG