Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2017: "Эйр Форс" барои бозӣ бо "Истиқлол" ба Душанбе омад


Тими «Эйр Форс»-и Ироқ барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017 муқобили дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр ба Душанбе омад.

Ба иттилои бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ба ҳайати вакилони “Эйр Форс” беш аз 40 нафар шомиланд. Инчунин ба пойтахти Тоҷикистон ҳайати бузурги меҳмонон аз Конфедератсиони футболи Осиё таҳти раҳбарии мудири бахши баргузории мусобиқоти AFC Шин Ман Гил (Кореяи Ҷанубӣ) омадааст. Ин ҳайат Ҷоми AFC-ро бо худ овардааст.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ва “Эйр Форс”-и Ироқ, барандаи Ҷоми AFC-2016, рӯзи шанбеи 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 17:00 шуруъ мешавад. Нархи билети ин бозӣ ба минбари асосӣ 20 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Довари ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан Муҳаммади 39-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадии 33-сола ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрии 39-сола кӯмак мекунанд.

Вазифаи довари эҳтиётиро Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Ал-Ҷнейбии 35-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб бар дӯш дорад. Собит Убайд Сурур Собит Ал-Алии 36-сола (ӯ ҳам аз Иморот) довари панҷум мебошад. Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун нозири доварон ва Патит Супхапхонгс аз Тайланд комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супурда мешавад.

ДАҲ ДАСТА – БАРАНДАГОНИ ҶОМИ AFC

Бояд тазаккур дод, Ҷоми AFC шуруъ аз соли 2004-ум барои бори чордаҳум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи ин Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар бошгоҳи варзишии “Кувайт” (Кувайт) се бор Ҷомро ба даст овардааст. “Ал-Файсал”-и Урдун ду бор соҳиби Ҷоми AFC шудааст. “Ал-Қадсия” (Кувайт), “Ал-Муҳаррак” (Баҳрайн), “Ал-Ҷайш” (Сурия), “Шабоб Ал-Урдун” (Урдун), “Ал-Иттиҳод” (Сурия), “Насаф” (Узбакистон), “Ҷоҳор Дарул Такзим” (Малайзия) ва “Эйр Форс” (Ироқ) якборӣ барандагони Ҷоми AFC гардидаанд.

Аввалин барандаи Ҷоми AFC бошгоҳи “Ал-Ҷайш”-и Сурия мебошад, ки соли 2004-ум бар тими дигари ин кишвар “Ал Ваҳда”аз рӯи натоиҷи ду бозӣ (3:2 ва 0:1) пирӯз шудааст. Аз соли 2011 финал аз як бозӣ иборат аст. Соли гузашта “Эйр Форс” дар бозии ниҳоӣ “Бенгалуру”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

«Истиқлол»-и Тоҷикистон соли 2015 дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда буд, аз дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Дастаи ғолиб бо Ҷоми AFC, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 350 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба финалист ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва 250 ҳазор доллар супурда шуд.

МУҶОЗОТИ “ИСТИҚЛОЛ” БАРОИ КИРДОРИ МУХЛИСОН

31-уми октябр дар сомонаи расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” муроҷиати роҳбарияти бошгоҳ ба мухлисон нашр шудааст. Дар он зикр гаштааст, ки даста барои кирдори мухлисон дар ҷараёни бозиҳои AFC-2017 аз ҷониби кумитаи назорату интизоми Конфедератсиони футболи Осиё ба маблағи умумии 21 ҳазор доллар муҷозот шудааст.

Чунончи, дар бозии аввали ниҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC бо “Бенгалуру”-и Ҳиндустон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор яке аз мухлисон ба майдон бутали пластикӣ ҳаво додааст, ки барои ин рафтори ношоями ӯ “Истиқлол”-ро ба маблағи 7,5 ҳазор доллар ҷарима кардаанд.

Ҳодисаи дигари нохуш пас аз анҷоми бозии марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо “Олой”-и Ӯши Қирғизистон рух додааст. Барои ба майдон баромадани мухлисе “Истиқлол” ба маблағи ҳашт ҳазор доллар муҷозот шудааст. Инчунин дар ин бозӣ бархе аз мухлисон ба минтақаи барояшон мамнуъ ворид шудаанд, ки дар натиҷа “Истиқлол”-ро ба маблағи се ҳазор доллар муҷозот кардаанд.

“Мо аз мухлисонамон, ки ба ҳайси бозигари 12-ум ҳамеша моро дар варзишгоҳ дастгирӣ мекунанд, сипосгузорем. Дастгирии шумо дар минбарҳои варзишгоҳ ба бозигарон нерӯи тоза мебахшад. Маҳз бо дастгирии мухлисон “Истиқлол” ба финали Ҷоми AFC-2017 баромад. Ба шарофати бозиҳои муваффақонаи бошгоҳи мо дар арсаи байналмилалӣ, Тоҷикистон барои бори дувум мизбони финали ин мусобиқоти бонуфуз мегардад. Ба ин бозӣ меҳмонони зиёди олирутбаи хориҷӣ меоянд. Бинобар ин, ҳамаи мухлисони гиромиро даъват мекунем, ки ба қоидаҳои рафтор дар варзишгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намоянд”, - омадааст дар ин муроҷиатнома.

XS
SM
MD
LG