Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисору Душанбе мизбони мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018


Аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Бангладеш, Молдив, Тоҷикистон, Шри-Ланка ва Узбакистон баргузор мешавад.

Дар як нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 30-юми октябр, дар шаҳри Душанбе доир шуд, Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, иброз дошт, ки вазифаи даста роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 мебошад. Вай афзуд, “ман гуфтанӣ нестам, ки ба ҷуз Узбакистон дастаҳои дигар сустанд. Ба ман бозиҳои Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив писанд аст. Онҳо моҳи сентябр мусобиқа доштанд. Ман наметавонам бигӯям, ки аз рақиби аввалинамон – Бангладеш – як сару гардан болоем. Ҳоло футбол дар ҷаҳон рушд меёбад ва дастаи Бангладеш ҳам пеш меравад. Бозии Бангладешро бо Ҳиндустон ва Шри-Ланка тамошо кардем, маъқул шуд. Мо мекӯшем, ки хуб бозӣ кунем, зеро аз бозии аввал бисёр чиз бастагӣ дорад.”

Маҳабуб Ҳусайн Рокси, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Бангладеш, ба хабарнигорон гуфт, ки даста омодагиро ба ин мусобиқот як ҳафта пеш шуруъ кардааст. Ӯ афзуд,”мо барои ба Тоҷикистон расидан қариб ду рӯз дар роҳ будем. Бачаҳо каме хаста шуданд. Инчунин обу ҳавои Душанбе нисбат ба Бангладеш тафовут дорад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо ба мусобиқот омодаем. Кӯшиш мекунем, ки аз бозӣ ба бозӣ ҳунари хубтар нишон бидиҳем. Рақиби аввалинамон дар ин мусобиқот - мунтахаби Тоҷикистон яке аз дастаҳои пурқувват аст.

Бозиҳои даври аввали мусобиқот 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мешаванд. Бинобар омодагии ин варзишгоҳ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017, бозиҳои даврҳои дувуму севуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» рӯзҳои 2-юм ва 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд. Бозиҳои ду даври охирини мусобиқот рӯзҳои 6-ум ва 8-уми ноябр боз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор хоҳанд шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аввалин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» рӯзи 31-уми октябр бо тими Бангладеш анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 4-уми ноябр бо мунтахаби Шри-Ланка, 6-уми ноябр бо тими Молдив ва 8-уми ноябр бо дастаи Узбакистон рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола ба марҳилаи ниҳоӣ, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

31 октябр (сешанбе)

14:00 – Молдив – Шри-Ланка. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Бангладеш – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

2 ноябр (панҷшанбе)

12:00 – Шри-Ланка – Узбакистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – Молдив – Бангладеш. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

4 ноябр (шанбе)

12:00 – Узбакистон – Молдив. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – Тоҷикистон – Шри-Ланка. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 4-ум

6 ноябр (душанбе)

14:00 – Бангладеш – Узбакистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Тоҷикистон – Молдив. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 5-ум

8 ноябр (чоршанбе)

14:00 – Шри-Ланка – Бангладеш. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG