Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голи Манучеҳр Ҷалилов ба “Истиқлол” пирӯзӣ овард


«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 5:4 шикаст дод. Ин бозӣ шоми чоршанбеи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Бозии қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол” - бо ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ – “Хуҷанд” – шавқангезу пургол гардид. То дақиқаи 34-ум ҳисоби бозӣ 3:0 ба нафъи мизбонон буд. Дар дақиқаҳои охири дидор меҳмонон ҳисобро тағйир доданд – 3:1. Дар нимаи дувуми дидор, то дақиқаи 81-ум ҳисоб баробар шуд – 4:4. Голи ҳалкунандаро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов, нишонзани беҳтарини мусобиқот, дар охири бозӣ ба ҳадаф расонд ва ба «Истиклол» пирӯзӣ овард.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», ки бо 45 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кардааст, сарфи назар аз натоиҷи чаҳор бозии боқимондааш барои рақибонаш дастнорас мебошад. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 14 бозӣ пирӯз шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад. “Истиқлол” барои шашумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мукофотонида мешавад.

“Хуҷанд”, ки бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми дувумро касб кард, таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев бо медалҳои нуқра сарфароз мегардад.

ССКА «Помир»-и Душанбе, ки бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми севумро азони худ кардааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳир Муъминов соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо 19 имтиёз дар зинаи пешазохирин – ҳафтум - қарор дорад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар лигаи аввал мақоми дувумро касб кард, мубориза мебарад.

Дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки бо 15 имтиёз дар зинаи охирин – ҳаштум – ҷойгир шуд, лигаи олиро тарк мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 18-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» 5:4

Голҳо: Хуршед Бекназаров, 19 – ба дарвозаи худ (1:0), Ҳомид Ғуломӣ, 21 (2:0), Дилшод Восиев, 34 (3:0), Давронҷон Тухтасунов, 41 (3:1), Дилшод Восиев, 53 (4:1), Манучеҳр Аҳмадов, 64(4:2), Давронҷон Тухтасунов, 77 (4:3), Абдусамад Ҳоҷибоев, 81 (4:4), Манучеҳр Ҷалилов, 88 (5:4).

Огоҳонида шуданд: Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду - “Истиқлол”), Шоҳрух Раҷабматов, Дилшод Дадабоев (Ҳарду – “Хуҷанд”).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

25 октябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

14

3

0

54-11

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

21

11

4

6

44-22

37

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

20

8

10

2

19-11

34

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

6

6

9

22-23

24

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

19

6

5

8

18-23

23

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

21

5

7

9

17-28

22

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

21

5

4

12

25-48

19

8

«Ҳосилот» (Фархор)

20

4

3

13

15-49

15

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Дилшод Восиев («Истиқлол») – 10-тӯбӣ, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 8 тӯб.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG