Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи «В» аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешавад. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Бангладеш, Молдив, Тоҷикистон, Шри-Ланка ва Узбакистон шомиланд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аввалин бозиашро рӯзи 31-уми октябр бо тими Бангладеш анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 4-уми ноябр бо мунтахаби Шри-Ланка, 6-уми ноябр бо тими Молдив ва 8-уми ноябр бо дастаи Узбакистон рақобат мекунанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, бозиҳои даври аввали мусобиқот 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд. Бинобар омодагии ин варзишгоҳ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017, бозиҳои даврҳои дувуму севум рӯзҳои 2-юм ва 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд. Бозиҳои ду даври охирини мусобиқот рӯзҳои 6-ум ва 8-уми ноябр боз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мешаванд.
Бояд гуфт, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
31 октябр (сешанбе)
14:00 – Молдив – Шри-Ланка. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
17:00 – Бангладеш – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
2 ноябр (панҷшанбе)
12:00 – Шри-Ланка – Узбакистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – Молдив – Бангладеш. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
4 ноябр (шанбе)
12:00 – Узбакистон – Молдив. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – Тоҷикистон – Шри-Ланка. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 4-ум
6 ноябр (душанбе)
14:00 – Бангладеш – Узбакистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
17:00 – Тоҷикистон – Молдив. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 5-ум
8 ноябр (чоршанбе)
14:00 – Шри-Ланка – Бангладеш. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Хизмат мерафтаги бояд 28 хазор маош гирад гайр аз хурока бад ин кор дуруст ,интавр рохи гурезро хама пеш мегирад ,ба чои вай шахс, шахси дигар чавоб гу нест .
Точикистон давлати демократист, бояд Хукумат дар дасти АКСАРИТ ( яъне халк) бошад аммо мутаъсифона руз то руз Хукумат ва Кудрат дар дасти АКАЛИЯТ (яъне ашхоси хурде ки хокимиятро ба зури ба даст гирифтаанд)...хело чои таасуфаст ва ояндаи халки точик зери аломати ? Мемонад бо ин режим ва сиёсати хозира...
Шармам меояд худро дар ҷойе Тоҷик муаррифӣ кунам. Дар ҳама сархати расонаҳо , Аз ҳама давлати қашоқ , Ҳокимияти Диктотури , Иқтисодӣ заифу фасод дар ҳар бахши давлатдори, ва Муҳоҷират.
Салом. Ин бози ҳам зарар дорад ҳам фоида. Барои халқи одди фоидаи бештар дорар, агар ҳаққатро талаб куни. Барои мардуми хосс зарар дорад. Аммо касоне этиқод доранд, ки тоҷикистон мустақили комил ҳаст, ин ҷуз хоб чизи дигаре нест. Мустақил фақат барои корҳои хурд, ва сатҳи поин мустақил ҳаст. Мо бояд аввал мазмун, ва мафҳуми калимаи (мустақил, истиқлолиятро) донем ва баъд дар бори ин суҳбат кунем.
Шахрванди Точикистон!Ман аз осие омадаму шумо мегуед ки дул холи.Ман панч сол дар заправкаи Яккауруг-самый горячий точко конфликт кор карда,хамаро факт ба факт медонам,иншоаллох китоб хам менависам.Ин шумоен хастед ки таьрих ва санадхоро чукур наомухта афсонаи подархаво мегуед.Шахсан соли 2002 мохи май дар хузури раиси чамоати Чоркух устод Миров Бобокарим ва начальники милисаи Чоркух Салимов ман Кенчаеви гаии ворухиро огох карда будам ки ба касофатии ту вазьият бад хохад шуд.Он замон муносибатхо хуб буд...Хуб монем ки айби киргизхо!Чаро дар сархадхои дигар минтакахо ба мисли Мургоб,Чиргатол,Чаббор Расулов ва гайра ки ончо низ киргизхо хамсархаданд вазьият ором?Ба ин чи мегуед?