Пайвандҳои дастрасӣ

Роналду - беҳтарин футболбози сол, Зидан - беҳтарин мураббӣ


Криштиану Роналду, ҳамлагари «Реал»-и Мадрид ва мунтахаби Португалия беҳтарин футболбози соли 2017 аз рӯи ривояти Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) эътироф шуд. Зинеддин Зидан, мураббии бошгоҳи “Реал”, беҳтарин мураббии сол эълон гардид.

Маросими супурдани ҷоизаҳои FIFA 23-юми октябр дар театри эстрадии «Палладиум»-и Лондон баргузор шуд. Аз рӯи натиҷагирии раъйдиҳӣ ҳамлагари «Реал»-и Мадрид ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду беҳтарин футболбози сол эълон шуд.

Роналду соли гузашта низ беҳтарин бозигари сол аз рӯи ривояти FIFA гардида буд.

Чунонки сомонаи расмии FIFA хабар додааст, Роналду дар мавсими футболи 2016/17 дар ҳайати дастааш қаҳрамони Испания, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии ҷаҳон, инчунин барандаи Суперҷоми Испания ва UEFA гардидааст. Вай беҳтарин нишонзани Лигаи қаҳрамонҳо мебошад (дар 13 бозӣ 12 гол задааст). Ӯ беҳтарин футболбози Аврупо аз рӯи ривояти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо (UEFA) шудааст.

Роналду дар мубориза барои ин унвон аз Лионел Месси («Барселона») ва Неймар («Барселона»/«ПСЖ») пеш гузаштааст. Аз рӯи натиҷагирии раъйдиҳии капитанҳо ва сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишварҳо, инчунин рӯзноманигорон ва алоқамандони футбол Роналду 43,16 % раъй гирифтааст, ки ин нисбат ба раъйҳои якҷоя гирифтаи Месси (19,25 %) ва Неймар (6,97 %) бештар аст. Бояд гуфт, ки Роналду соли гузашта низ беҳтарин бозигари сол аз рӯи ривояти FIFA гардида буд.

Сармураббии дастаи «Реал»-и Мадрид Зинеддин Зидан беҳтарин мураббии соли 2017 эълон шуд. Дар мубориза барои ин унвон ӯ сармураббии дастаи «Челси» Антонио Конте ва сармураббии «Ювентус» Массимилиано Аллегриро ба қафо гузоштааст. Дар мавсими гузашта "Реал" таҳти раҳбарии Зидан қаҳрамони Испания, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо, мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии ҷаҳон, Суперҷоми UEFA ва Суперҷоми Испания гардидааст.

Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол аз рӯи ривояти FIFA ба Ҷонлуиҷи Буффони 39-сола, дарвозабони «Ювентус», супурда шуд. Вай аз Кейлор Навас («Реал») ва Мануэл Нойер («Бавария») пеш гузашт.

Ҷоизаи ба номи Ференс Пушкаш барои голи аз ҳама зеботарин ба ҳамлагари «Арсенал» Оливйе Жири фаронсавӣ, ки ба дарвозаи «Кристал Пэлас» задааст, тақдим гардид.

Инчунин FIFA ҳайати дастаи мунтахаби беҳтарин футболбозони соли 2017-ро, ки ба таркиби он 5 бозигари «Реал» шомил аст, эълон кард:

Ҳайати мунтахаби 2017 аз рӯи ривояти FIFA чунин аст:

дарвозабон Ҷонлуиҷи Буффон («Ювентус»);

ҳимоятгарон: Дани Алвес («Пари Сен-Жермен»), Леонардо Бонуччи («Милан»), Серхио Рамос ва Марсело (ҳарду — «Реал»-и Мадрид);

нимҳимоятгарон: Лука Модрич, Тони Кроос (ҳарду — «Реал»), Андрес Инйеста («Барселона»);

ҳамлагарон: Неймар («Пари Сен-Жермен»), Лионел Месси («Барселона»), Криштиану Роналду («Реал»).

Ҳамлагари дастаи «Зброёвка»-и Ҷумҳурии Чех Франсис Конеи ивуариягӣ бо ҷоизаи Fair play сарфароз гардид.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG