Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи аввал: "Кӯктош" - ғолиб, "Эсхата" ва "Сомон" дувуму севум шуданд


Мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба поён расид. Тақдири медалҳои нуқраву биринҷӣ дар даври 22-юми мусобиқот, ки даври охирин буд, рӯзи 22-юми октябр ҳал шуд.

Дастаи «Кӯктош», ки дар даври 22-юм дар меҳмонӣ бар тими «Зарбдор»-и Исфара бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, бо 50 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб намуд. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ соли оянда дар мусобиқоти лигаи олии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

«Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии охиринаш дар майдони худ тими «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 45 имтиёз мақоми дувумро гирифт ва соҳиби медалҳои нуқра гардид. Ҳамакнун «Эсхата» бо дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ мақоми пешазохирин – ҳафтумро ишғол намуд, барои ҳаққи ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ дар мавсими соли оянда мубориза мебарад.

Медалҳои биринҷӣ бо 44 имтиёз насиби дастаи “Сомон”-и Данғара гардид. Ин даста дар бозии охиринаш дар майдони худ бар тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд.

Ҳамлагар Меҳроҷиддин Музаффаров, ки дар давраи аввали мусобиқот дар дастаи «Ваҳдат» ва дар давраи дувум дар ҳайати тими «Кӯктош» бозӣ кардааст, беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ӯ ба дарвозаи рақибонаш ҳамагӣ 27 гол задааст.

Мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 22-юм

«Саройкамар» – «Локомотив-Помир» – 3:3

«Зарбдор» – «Кӯктош» – 1:3

«Маҳаллаи 33» – «Равшан» – 10:2

«Эсхата» – «Зарафшон» – 2:0

«Сомон» – «Ваҳдат» – 5:2

«Ҳулбук» – «Парвоз» – 2:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

22

16

2

4

68-17

50

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

22

13

6

3

48-28

45

3

«Сомон» (Данғара)

22

12

8

2

63-28

44

4

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

22

12

6

4

45-24

42

5

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

22

11

2

9

55-46

35

6

«Саройкамар» (Панҷ)

22

10

5

7

35-30

35

7

«Ҳулбук» (Восеъ)

22

7

6

9

36-45

27

8

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

22

7

2

13

44-52

23

9

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

22

6

4

12

26-36

22

10

«Зарбдор» (Исфара)

22

4

6

12

36-49

18

11

«Равшан» (Кӯлоб)

22

5

1

16

30-100

16

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

22

3

4

15

21-52

13

Нишонзани беҳтарин: Меҳроҷиддин Музаффаров («Ваҳдат»/«Кӯктош») – 27 тӯб.

XS
SM
MD
LG