Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Истиқлол” ва “Эйр Форс”-ро арабҳо доварӣ мекунанд


Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) доварони бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эйр Форс”-и Ироқро, ки рӯзи 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисордоир хоҳад шуд, таъйин кард.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан Муҳаммади 39-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадии 33-сола ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрии 39-сола кӯмук мекунанд.

Вазифаи довари эҳтиётиро Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Ал-Ҷнейбии 35-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб бар дӯш дорад. Собит Убайд Сурур Собит Ал-Алии 36-сола (ӯ ҳам аз Иморот) довари панҷум мебошад. Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун нозири доварон ва Патит Супхапхонгс аз Тайланд комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ва финалисти дукаратаи Ҷоми AFC ва “Эйр Форс”-и Ироқ, барандаи Ҷоми AFC-2016, рӯзи шанбеи 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супурда мешавад.

Зимнан, «Истиқлол» соли 2015 дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид, аз дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

Ғолиби ин мусобиқаи пурнуфузи бошгоҳии қитъавӣ - “Ҷоҳор Дарул Таъзим” - бо Ҷоми AFC–2015, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 350 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба дастаи “Истиқлол” – финалисти Ҷоми AFC–2015 – ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва 250 ҳазор доллар тақдим гардид.

XS
SM
MD
LG