Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” - ҷоизадори нуқра, ССКА “Помир” - ҷоизадори биринҷӣ


Пас аз натиҷагирии се бозии даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки шоми шанбеи 21-уми октябр ба поён расид, тимҳои ҷоизадори нуқраву биринҷӣ маълум шуданд.

Дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар меҳмонӣ аз тими«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, лигаи олиро тарк мекунад.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки бозиро дар майдони худ бо тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо 37 дар ҷадвали мусобиқот мақоми дувумро касб кардааст. Футболбозони бошгоҳи “Хуҷанд” таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринашон бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд.

Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе низ бозиро дар майдони худ бо тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расонд. Бошгоҳи футболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Тоҳир Муъминов, ки бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми севумро азони худ кардаанд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегарданд.

Дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар меҳмонӣ аз тими«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, лигаи олиро тарк мекунад. “Ҳосилот” бо 15 имтиёз дар зинаи охирин – ҳаштум – ҷойгир шудааст.

Дастаи “Панҷшер” бошад, бо 19 имтиёз дар зинаи пешазохирин – ҳафтум -қарор дорад ва барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо дастае, ки дар лигаи аввал мақоми дувумро касб мекунад, мубориза мебарад.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, шашумин бор бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”, ки бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кардааст, сарфи назар аз натоиҷи панҷ бозии охиринаш барои рақибонаш дастнорас мебошад. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 13 бозӣ пирӯз шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 21-ум:

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1
«Панҷшер» – «Ҳосилот» – 2:1
«Хуҷанд» – «Вахш» – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

13

3

0

50-7

42

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

20

11

4

5

40-17

37

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

20

8

10

2

19-11

34

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

6

6

9

22-23

24

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

19

6

5

8

18-23

23

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

21

5

7

9

17-28

22

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

21

5

4

12

25-48

19

8

«Ҳосилот» (Фархор)

20

4

2

14

15-49

15

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») –14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») ва Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 9-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG