Пайвандҳои дастрасӣ

Кордкашӣ дар ивази насиҳат. Ҷузъиёти ҳодисаи 13 октябр. ВИДЕО


Муҳаммад Салихов феълан дар хона табобат мегирад

Насиҳати як омӯзгори мактаб ба хонандае дар шаҳри Душанбе бо кордкашӣ ва захмӣ шудани талабаи дигар анҷом ёфт. Ҳодисае, ки пойи якеро ба боздоштгоҳ, дигареро ба бемористон ва севумиро ба пулис кашид.

Вақте аз падарамон барои кадом амале сарзаниш мешунидем, дигар онро такрор намекардем. Ман фикр кардам, ки ӯ низ баъди ин ҳодиса ислоҳ шудааст

Худойдод Воҳидов – омӯзгори фанни риёзиёт – замоне аз рафтори, ба қавли ӯ, ноҷои Алишер Хайруллоев, хонандаи мактаби 93-и пойтахт, ба падараш шикоят кард, ки пайи ҳам чанд дарси ӯро халалдор намуд. Воҳидов рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чанд дафъа огоҳ кардам, ки ба мактаби рақами 96 омада, ба ҷараёни дарс халал нарасонад. Вақте беэътиноӣ кард, ба роҳбари синфаш гуфтам. Дертар падараш огоҳ шуда, дар пеши ман Алишерро сарзаниш кард. Шояд аз чунин амалкарди мо хушаш наомад, ки ба ҷойи тағйири рафтор аз паси интиқом шуд”.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Худойдод Воҳидов гуфт, тақрибан даҳ рӯзи пеш Алишер Хайруллоев дар кӯча аз гиребони ӯ гирифта, дашномҳои кабеҳ додааст. Ӯ гуфт, аз ин рафтори Алишер аксар хонандагони мактаби 96 бохабар буданд.

Муҳаммадҷон Салихов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 96, низ аз чунин бархӯрди Алишер бо омӯзгор огоҳ будааст. Салихов гуфт, ҳар рӯз барои гирифтани дарси иловагӣ аз Худойдод Воҳидов ба мактаб мерафт ва рӯзи 13-уми октябр дар роҳ бо Алишер вохӯрда, ба қавле барои чунин рафтораш ӯро “насиҳат” кардааст. “Аммо ин ҳарфҳои ман ба Алишер хуш наомад ва якбора ҳамла карда, бо корд захмӣ намуд”, - гуфт ӯ.

Муҳаммадҷон Салихов ҳоло дар хона ба табобаташ идома медиҳад. Ӯ 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса 13-уми октябр дар назди “Қурутобхона”-и рӯбарӯи мактаби рақами 96, воқеъ дар маҳаллаи Испечак-2-и ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Баъди ин, ба гуфтаи мусоҳиби мо, "Алишер аз ҷойи ҳодиса фирор кард ва субҳи дигар боздошт шуд."

Салихов мегӯяд, Алишер Хайруллоевро аз онҷо мешиносад, ки чанд соли қабл хонандаи мактаби онҳо буд ва баъдан барои таҳсил ба мактаби рақами 93 рафт. Дар мактаби рақами 96 ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Алишер Хайруллоев қаблан дар ин мактаб таҳсил карда буд.

Алишер дар хонавода фарзанди дуюми хонавода будааст. Ҳамида Сатторова, модари Алишер Хайруллоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то рӯзи ҳодиса шикояте аз писараш ба ӯ нарасида буд. Вай гуфт, шавҳараш ҳамеша ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мерафт ва худаш ба танҳоӣ фарзандонро тарбия мекард. Ин модар мегӯяд, ҳамеша дар куҷо будану бо чӣ кор машғул шудани Алишерро таҳти назар дошт ва фикр намекард, писараш ба чунин кор даст мезанад.

Дар ҳоли ҳозир нисбат ба Алишер Хайруллоев, хонандаи мактаби 93-и пойтахт бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “авбошӣ” парванда боз шудааст. Ин парвандаро додситонҳои ноҳияи Сино баррасӣ доранд. Як муфаттиши огоҳ аз қазия бидуни бурдани номаш гуфт, Алишер Хайруллоев дар бозпурсиҳои пешакӣ гуфтааст, ҳадафаш на Муҳаммадҷон Салихов, балки муаллим Худойдод Воҳидов буд. Ин манбаъ гуфт, “Алишер борҳо талош кардааст дар танҳоӣ ба омӯзгор ҳамла кунад, аммо ба ин ҳадафаш нарасида, бухлу кинаашро ба Муҳаммадҷон холӣ кардааст.”

Соли гузашта Усмоналӣ Амонов ба ҷурми кордкашӣ ба сӯи Давлат Тошев – муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар ноҳияи Бохтар – ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд
Соли гузашта Усмоналӣ Амонов ба ҷурми кордкашӣ ба сӯи Давлат Тошев – муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар ноҳияи Бохтар – ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд

Омӯзгор Худойдод Воҳидов мегӯяд, чанд дафъа барои бозпурсӣ ба мақомот даъват шуд. Ӯ, ки собиқаи 11 соли омӯзгорӣ дорад, гуфт, тӯли ин солҳо боре хонандаеро беҳудаву барқасдона сарзаниш накардааст. “Мо ҳам дар вақташ хонандаи мактаб будем, мо ҳам ин зинаҳоро пушти сар кардем. Вале вақте аз падарамон барои кадом амале сарзаниш мешунидем, дигар онро такрор намекардем. Ман фикр кардам ӯ низ баъди ин ҳодиса ислоҳ шудааст”, - гуфт ин омӯзгор.

Бино ба иттилои расмӣ дар нуҳ моҳи гузашта тақрибан 3 ҳазор хонандаи мактаб "кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ" кардаанд. Бештари ин хонандаҳо барои иштирок дар занозанӣ, аз ҷумла занозании гурӯҳӣ, ки боис ба марг шудааст, айбдоранд. Як ҳафта қабл ҳам баҳси ду донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо “разбор”-и гуруҳии маргбор дар соҳили дарёи Душанбе анҷомид.

Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани хонандагони макотибро дар зери муҳити саросар аз таблиғи хушунату куштор мондани онҳо медонанд. Ҳарчанд дар як соли ахир рафтани мактабхонҳо ба марказҳои компютерӣ манъ шудааст, шабонгоҳ гаштугузори гуруҳии ҷавонон бештар мушоҳида мешавад. Ҷомеашинос Абдуғанӣ Ҳалимов бо собиқаи 51-солаи омӯзгорӣ сабаби хушунату табъиз дар мактабҳоро фаротар аз ин мебинад. Ӯ гуфт, ҳоло нақши падарони хонавода дар тарбияи фарзандон камранг шудааст. "Ҳоло ҳазорҳо падари тоҷик дар Русия қарор дорад ва модар наметавонад ба танҳоӣ аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон, бахусус писарон бароянд", - хулоса кард ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG