«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии мавқуфгузоштаи даври ҳабдаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ин бозӣ 18-уми октябр дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 1000 тамошогар баргузор шуд.
Мизбонон ҳарду голро дар нимаи аввали бозӣ ба самар расониданд. Дилшод Бозоров дар дақиқаи 29-ум ҳисобро боз кард. Баъд аз нӯҳ дақиқа Эҳсон Бобоев голи дувуми “Хуҷанд”-ро ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд.
Ин пирӯзӣ ба “Хуҷанд” имкон дод, ки мавқеашро бо 36 имтиёз дар зинаи дувуми ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намояд. “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев ҳамакнун муборизаро барои медалҳои нуқра бо ССКА “Помир”-и Душанбе (сармураббиаш Тоҳир Муъминов), ки алъон бо 33 имтиёз дар зинаи севум қарор дорад, идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, шашумин бор бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”, ки бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кардааст, сарфи назар аз натоиҷи панҷ бозии охиринаш барои рақибонаш дастнорас мебошад. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 13 бозӣ пирӯз шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-ум
«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 29 (1:0). Эҳсон Бобоев, 38 (2:0).
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Рустам Ризоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Руслан Раҳматов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Фарҳод Тоҳиров, 86), Эҳсон Бобоев, Ҳикматулло Расулов (Шоҳрух Раҷабматов, 76), Манучеҳр Аҳмадов, Дилшод Бозоров (Давронҷон Тухтасунов, 80), Ҷаҳонгир Эргашев.
«Барқчӣ» (Ҳисор): Ҳомидҷон Исоқов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев (Шаҳром Самиев, 55), Саидмухтор Азимов (Муъминҷон Забиров, 77), Ваҳдат Ханонов, Шериддин Бобоев, Далер Ёдгоров, Амирҷон Сафаров.
Огоҳонида шуд: Далер Ёдгоров («Барқчӣ»).
Бозигари беҳтарини дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
18 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошогар.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
16 |
13 |
3 |
0 |
50-7 |
42 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
19 |
11 |
3 |
5 |
39-16 |
36 |
3 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
19 |
8 |
9 |
2 |
18-10 |
33 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
20 |
6 |
5 |
9 |
21-22 |
23 |
5 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
19 |
6 |
5 |
8 |
18-23 |
23 |
6 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
20 |
5 |
6 |
9 |
16-27 |
21 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
20 |
4 |
4 |
12 |
23-47 |
16 |
8 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
19 |
4 |
3 |
12 |
14-47 |
15 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 9 тӯб.