Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голҳои тақдирсози Нуриддин ва Барков. “Истиқлол” – дар финали Ҷоми AFC


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бозии ҷавобии марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017-ро муқобили тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд ва ба финал баромад. Бозии ҷавобӣ шаби 18-уми октябр дар варзишгоҳи «Кантерава»-и шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор шуд.

Ҳисобро Нуриддин Давронов дар дақиқаи 4-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ боз кард. Баъд аз 20 дақиқа Бҳеке Раҳул, бозигари “Бенгалуру”, тӯбро бо зарбаи сар ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд. Ҳамин тавр, нимаи аввали дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.

Нуриддин Давронов
Нуриддин Давронов

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 56-ум, Дмитрий Барков, легионери русиягии “Истиқлол”, ҳуҷуми футболбозони тоҷикро бо гол анҷом дод. Вале пас аз нӯҳ дақиқа боз ҳисоб баробар шуд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ Чҳетри Сунил ба ҳадаф расонд.

“Истиқлол” дар бозии аввал, ки 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда буд, бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо натиҷаи 3:2 пирӯз шуд, барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 роҳ ёфт.

Ҳамакнун "Истиқлол" дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 4-уми ноябр доир хоҳад шуд, бо тими «Эйр Форс»-и Ироқ, барандаи Ҷоми AFC-2016, рақобат мекунад. Бозии ниҳоӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супурда мешавад.

Зимнан, «Истиқлол» соли 2015 дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид, аз дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

Ғолиби ин мусобиқаи пурнуфузи бошгоҳии қитъавӣ - “Ҷоҳор Дарул Таъзим” - бо Ҷоми AFC–2015, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 350 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба дастаи “Истиқлол” – финалисти Ҷоми AFC–2015 – ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва 250 ҳазор доллар тақдим гардид.

Ҷоми АFC-2017

Финали байниминтақавӣ. Бозии ҷавобӣ

18-уми октябр (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:2

Голҳо: Нуриддин Давронов, 4 – аз пеналтӣ (0:1). Раҳул Бҳеке, 24 (1:1). Дмитрий Барков, 56 (1:2). Сунил Чҳетри, 65 – аз пеналтӣ (2:2).

“Бенгалуру” (Бангалор, Ҳиндустон): Гурприт Сингҳ Сандҳу, Раҳул Бҳеке, Ҷуан Антонио, Ленни Родригес (Антонио Довале, 53), Димас Делгадо, Ҳарманҷот Хабра, Сунил Чҳетри, Уданта Сингҳ Кумам, Нишу Кумар (Боитҳанг Ҳаокип, 73), Лалҳлимпуия Даниел (Алвин Георги, 73), Эрик Паарталу.

Сармураббӣ – Алберто Рока Пуйол (Испания).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Дэвид Мавутор, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 75), Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан, Муҳаммадҷони Ҳасан, 65), Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Александр Стетсенко, Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ - Муҳсин Муҳаммадиев.

Огоҳонида шуданд: Гурприт Сингҳ Сандҳу (3), Ҳарманҷот Хабра (25, 42), Ҷуанан (57) – “Бенгалуру”, Ҷаҳонгир Алиев (41), Фатҳулло Фатҳуллоев (42), Ромиш Ҷалилов (54), Александр Стетсенко (90+3) – “Истиқлол”.

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳарманҷот Хабра (42) – барои корти дувуми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Сунил Чҳетри («Бенгалуру»).

Сардовар: Хамис Муҳаммад Ал-Маррӣ (Қатар).

18-уми октябр. Бангалор. Варзишгоҳи «Кантерава». 7862 тамошогар.

Бозии аввал – 0:1.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017

4-уми ноябр (шанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эйр Форс» (Ироқ)

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

XS
SM
MD
LG