Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо (дзюдо) миёни навҷавонон, ки аз 18 то 22-юми октябр дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа беш аз 630 варзишгар (писарону духтарон) аз 87 кишвари панҷ қитъаи олам рақобат хоҳад кард.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ гуштигир шомил аст: Суҳроб Боқиев (вазни зери 60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни зери 66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (вазни зери 90 кг), Темур Раҳимов (вазни зери 100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (вазни +100 кг).
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки моҳи августи соли равон дар пойтахти Чили - шаҳри Сантяго – баргузор шуд, як медал ба даст оварданд. Ҷамолиддин Абдуллоев дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило мақоми панҷумро соҳиб шуд. Зимнан, Ҷаҳонгир дар феҳристи Федератсиони ҷаҳонии ҷудо (IJF) дар байни наврасон бо 591 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст.
Хой мардум аз хоби гарон бархезен харгуна сафсатахо нанависен дониста бошед давлати мо бо чонаш сархадамонро хифз мекунад хатохоеки пештар шуд имруз намешавад мо шахрвандони ин ватан нангу номус дорем аз хама гушаву канори точикистон барои хифзи исфара меравем зинда бод точикистон
Салом хамдиёрони азиз, ин бутун шармандаги ку? Наход аз аввали марафони дав ягон голиби чои аввал аз точикон набошад? Точико чи дабба ё ягон варзишгари хуб надорем магар?
Амрико бояд бо эҳтиёт кор гирад. Як иштибоҳ метавонад тамоми диктаторҳои ҷаҳонро атрофи Путин ё Си гирдоварад. Ба хусус давлатҳои Осиёи Миёна осебпазиранд. Руссия метавонад дар ин давлатҳо тарафдорони худро истифода кунад ва ин давлатҳоро ба составаш баргардонад. Тоҷикистон бошад мустақилияташ ҳатто аз Чечеияву Доғистон камтар аст. Агар Путин хоҳад дар як рӯз ҳукуматро сарнагун карда, ҳукумати марионетки худаша дар Тоҷикистон мемонад, дар байни як ҳафта Тоҷикистонро южная таджикская губерния гуфта аз худ мекунад. Лозим шавад референдум ҳам мегузаронад. Артиши Тоҷикистон қудраташ аз базаи 201 дида ба маротиб камтар аст. Артиши ки барои буду бошаш як дирам ҳам намедиҳаду солдату офицерҳояш статуси дипломатӣ доранд. и
Ин қонунро танҳо барои ситонидани ҷарима аз мардум қабул карданд. Аксари кӯдакони тоҷик ҳамчунон кӯчагадру бесавод мемонанд. На волидон парво доранду на муаллимони макотиб!!!!
Нафаҳмидам, хоҳараш мегӯяд, ки "Мо аз Худо мебинем." Чаро мардуми мо дар бемор шудан ва ба маҳбас афтодан низ номи Худоро меоранд. Чаро бештари мардум дар Тоҷикистон сол то сол бесавод мешаванд ва ба ҷои гуфтани гапи ҳаққ ба дин рӯ меоваранду аз гуфтани сиёсати имрӯзӣ ва ҳақақати ҳол даст мекашанд. Даровоқеъ бисёриҳо ширкати Умед88 ва раҳбари онро танҳо чун фурӯшандагони маводди сӯхтӣ медонанд, вале наздикони Раҷабалӣ Одинаев бояд, ки ҳақиқати ҳолро донанд ва дар бораи он бигӯянд. Тарс нишонаи бесаводӣ ва ҷоҳилист!!!!!!