Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар охирин бозии худ дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё аз тими миллии футзали Эрон, қаҳрамони феълии Осиё ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, бо натиҷаи 2:12 шикаст хӯрд. Ин бозии гурӯҳи “B” шоми сешанбеи 17-уми октябр дар шаҳри Табризи Эрон доир шуд.
Мунтахаби Эрон, ки дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар ҳарду бозиаш пирӯзӣ ба даст овард, дар гурӯҳи «В» бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Эрониҳо пеш аз ин тими миллии Афғонистонро бо натиҷаи 8:2 шикаст дода буданд.
Тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “В” мақоми дувумро соҳиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали худ тими миллии Афғонистонро бо натиҷаи 4:3 мағлуб карда буд. Тими миллииАфғонистон бидуни имтиёз дар мақоми охирин - севум - қарор гирифт.
Ба ин тартиб, аз гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё-2018, ки рӯзҳои 6-18 феврали соли оянда дар Тайбэйи Чин бо ширкати 16 тими миллӣ баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
Рӯзи сешанбеи 17-уми октябр дар бозии охирин миёни дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Қирғизистон ғолиби гурӯҳи “А” маълум шуд. Тими миллии Узбакистон, ки дар ин дидор бо натиҷаи 4:3 пирӯз гардид, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Қирғизистон бо 6 имтиёз ҷойи дувумро гирифт.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “А” тимҳои миллии Узбакистон ва Қирғизистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ ёфтанд. Вале дастаҳои мунтахаби Туркманистону Непал аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё-2018 маҳрум шуданд.