Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар Ҳиндустон муқобили “Бенгалуру” бозӣ мекунад


Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе бозии ҷавобии марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017-ро муқобили тими «Бенгалуру”-и Ҳиндустон имрӯз, 18-уми октябр, дар шаҳри Бангалор анҷом медиҳад.

Ғолиби ҷуфти “Истиқлол” – “Бенгалуру” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум мегардад. Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар бозии аввал, ки 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда буд, бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 27-ум, Дмитрий Барков, легионери русиягии “Истиқлол”, ба ҳадаф расонд.

Ба ҳайати “Истиқлол”, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон, таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар бозӣ муқобили “Бенгалуру” 17 футболбоз шомил аст.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии "Истиқлол"
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии "Истиқлол"

Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили "Бенгалуру":

Дарвозабонҳо – Никола Стошич, Қурбон Бобоев.

Ҳимоятгарон – Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Дэвид Мавутор, Александр Стетсенко, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир.
Нимҳимоятгарон – Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан.

Ҳамлагарон – Дилшод Восиев, Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов.
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Бозии ҷавобии “марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Бенгалуру” ва “Истиқлол” рӯзи 18-уми октябр дар варзишгоҳи «Кантерава»-и шаҳри Бангалор соати 18.30 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017, ки рӯзи 4-уми ноябр доир хоҳад шуд, ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) бо тими «Эйр Форс» (Ироқ) рақобат мекунад. Агар “Истиқлол” ба финал барояд, онгоҳ бозии ниҳоӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC – 2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супурда мешавад.

Зимнан, «Истиқлол» соли 2015 дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид, аз дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

Ғолиби ин мусобиқаи пурнуфузи бошгоҳии қитъавӣ - “Ҷоҳор Дарул Таъзим” - бо Ҷоми AFC–2015, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 350 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба дастаи “Истиқлол” – финалисти Ҷоми AFC–2015 – ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва 250 ҳазор доллар тақдим гардид.

Ҷоми АFC-2017

Финали байниминтақавӣ. Бозии ҷавобӣ

18 октябр (чоршанбе)
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017

4 ноябр (шанбе)
Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «Эйр Форс» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG