Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Шанхайи Чин медали нуқра ба даст овард.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми октябр хабар дод. Вай афзуд, “мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ, ки 15-уми октябр дар шаҳри Шанхайи Чин шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми октябр идома меёбад. Дар ин мусобиқа варзишгарони 21 кишвар ширкат доранд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар таҳти раҳбарии раиси Федератсияи қаиқронии ҷумҳурӣ Файзулло Шарифов дохил аст. Мусобиқа дар ду гурӯҳ - миёни варзишгарони синашон то 18-сола ва аз 18-сола боло - ҷараён дорад.”
Ба иттилои Сафаров варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар сабқати бузургсолон дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр бо натиҷаи 3 дақиқаю 57,758 сония мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Зимнан, ин беҳтарин натиҷаи ӯ дар тамоми фаъолияти варзишиаш мебошад.
Дар ин навъи қаиқронӣ Вадим Минков аз Узбакистон бо натиҷаи 3 дақиқаю 57,386 сония ғолиб шуд. Зенҷ Пенҷ Фи аз Чин бо натиҷаи 3 дақиқаю 58,795 сония ҷойи севумро гирифт.
Инчунин варзишгарони тоҷик Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи яккаса ба масофаи 1000 метр, Абдураҳмон Абдураҳимов дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Зоирҷон Набиев дар байдаркаи дукаса ба масофи 200 метр ба даври ниҳоӣ, ки бегоҳи имрӯз, 17-уми октябр, доир мешавад, роҳ ёфтанд.
Дар сабқати духтарон Зумрад Пирназарова, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ мушарраф гаштааст.