Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки аз 13-ум то 15-уми октябр дар шаҳри Нови Сади Сербия баргузор шуд, се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва дабири кулли Федератсиони самбои Тоҷикистон, рӯзи 16-уми октябр аз Сербия хабар дод.
Вай афзуд, «дар ин мусобиқа беш аз 350 гуштигири ҷавон (писарону духтарон) аз 32 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа президенти Федератсиони байналмилалии самбо Василий Шестаков иброз дошт, ки мусобиқа дар сатҳи баланд доир шуд. Толори варзишӣ ҳам барои варзишгарон ва ҳам барои тамошобинон хеле бароҳат буд.»
Ба иттилои Абдуллоев узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сомон Сангов дар сабқати наврасон дар вазни зери 52 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Дар ин вазн Гога Вардосанидзе аз Гурҷистон ғолиб шуд ва медали тилло гирифт. Арман Гамбариян (Русия) ва Любослав Григоров (Булғористон) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Умедҷон Муҳиддинов дар сабқати навҷавонон дар вазни зери 62 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Рамазон Мамаев аз Қазоқистон бо медали тилло, Тогтохбаяр Магсар аз Муғулистон бо медали нуқра ва Александр Фоголев аз Русия бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Медали севумро ба мунтахаби Тоҷикистон Садам Каримов овард. Вай дар сабқати навҷавонон дар вазни зери 74 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Мироншоҳ Султонов аз Узбакистон бо медали тилло, Азиз Кубаничбек Уулу аз Қирғизистон бо медали нуқра ва Александр Сучков аз Русия бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.