Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Афғонистон рақобат мекунад


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев имрӯз, 16-уми октябр, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар шаҳри Табризи Эрон муқобили тими миллии Афғонистон бозӣ мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ бо ширкати ҳафт даста дар ду гурӯҳ баргузор шудааст.

Дар гурӯҳи «А» мунтахаби Узбакистон, ноиби қаҳрамони Осиё, дастаи Непалро бо ҳисоби 14:1 шикаст дод. Дар бозии дигар мунтахаби Қирғизистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 5:3 ғалаба кард.

Мусобиқаи гурӯҳи “В” рӯзи 15-уми октябр бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Эрон оғоз ёфт. Дар ин дидор эрониҳо бо ҳисоби 8:2 пирӯз шуданд.

Имрӯз, 16-уми октябр, бозиҳои даври дувум баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон бо тими Афғонистон рақобат мекунад. Ин бозӣ дар маҷмааи варзишии «Пури Шариф» дар Табриз соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (20:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” рӯзи 17-уми октябр бо бозӣ миёни тимҳои Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Сино»);

Бозигарон: Мансур Эргашев, Фирӯз Сангов, Сиёвуш Қаюмов (ҳарсе аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Умедҷон Мирзораҳимов, Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳарсе аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Сармураббӣ – Ҳусейн Шодиев.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ

Минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ.

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Афғонистон – Эрон – 2:8

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

8-2

3

2

Тоҷикистон

0

0

0

0

0-0

0

3

Афғонистон

1

0

0

1

2-8

0

Даври 2-юм

16 октябр (душанбе)

20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 3-юм

17 октябр (сешанбе)

20:30 – Эрон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Узбакистон – Непал – 14:1

Қирғизистон – Туркманистон – 5:3

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбакистон

1

1

0

0

14-1

3

2

Қирғизистон

1

1

0

0

5-3

3

3

Туркманистон

1

0

0

1

3-5

0

4

Непал

1

0

0

1

1-14

0

Даври 2-юм

16 октябр (душанбе)

15:30 – Непал – Қирғизистон

18:00 – Туркманистон – Узбакистон

Даври 3-юм

17 октябр (сешанбе)

15:30 – Узбакистон – Қирғизистон

18:00 – Туркманистон – Непал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG