Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев имрӯз, 12-уми октябр, барои ширкат дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 ба шаҳри Табризи Эрон сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” аз 15-ум то 17-уми октябр барпо мегардад. Мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали Афғонистон ва Эрон рӯзи 15-уми октябр шуруъ мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиашро муқобили тими Афғонистон рӯзи 16-уми октябр анҷом медиҳад. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ рӯзи 17-уми октябр бо бозӣ миёни тимҳои Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад.
Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 18-уми феврали соли 2018 дар Тайван баргузор мешавад, аз гурӯҳи “В” ду даста роҳ меёбад.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Сино»);
Бозигарон: Мансур Эргашев, Фирӯз Сангов, Сиёвуш Қаюмов (ҳарсе аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Умедҷон Мирзораҳимов, Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳарсе аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).
Сармураббӣ – Ҳусейн Шодиев.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ
Минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
15 октябр (якшанбе)
20:30 – Афғонистон – Эрон
Даври 2-юм
16 октябр (душанбе)
20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон
Даври 3-юм
17 октябр (сешанбе)
20:30 – Эрон – Тоҷикистон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.