Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии ду варзишгари тоҷик дар рӯзи аввали Гран-прии ҷудо дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик Сӯҳроб Боқиев ва Муҳаммадкарим Сарахонов дар Гран-прии Тошканд оид ба ҷудо, ки имрӯз, 6-уми октябр, дар пойтахти Узбакистон оғоз ёфт, ноком шуданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро нӯҳ варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран-при дар Тошканд мардон дар ду вазн – 60 (ҳамагӣ 11 гуштигир) ва 66 кило (ҳамагӣ 18 гуштигир) - ба рақобат шуруъ карданд. Сӯҳроб Боқиев, ки дар вазни зери 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Югар Ширинлии озарбойҷонӣ, ки баъдан ба финал баромад, шикаст хӯрд. Инчунин Боқиев дар даври тасаллобахш аз Мӯҳриддин Тилавови узбакистонӣ мағлуб гашт.

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммадкарим Сарахонов дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Муродҷон Юлдошев аз Узбакистон пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Кеннет Ван Гансбеке аз Белгия мағлуб гашт. Ҳамин тариқ, ҳарду гуштигири тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Дар Гран-прии Тошканд боз ҳафт варзишгари тоҷик вориди рақобат мешавад:

7-уми октябр

Вазни - 73 кг (ҳамагӣ 13 гуштигир)

Беҳрӯзи Хоҷазода (Тоҷикистон) – Ҷаҳонгир Алимардонов (Узбакистон)

Саидмухтор Расулов (Тоҷикистон) – Мод Ришод Ориён (Афғонистон)

Вазни -81 кг (ҳамагӣ 15 гуштигир)

Кароматулло Ҳакимов (Тоҷикистон) – Бекжан Абдуалиев (Қазоқистон)

Акмал Муродов (Тоҷикистон) – Шарофиддин Болтабоев (Узбакистон)

8-уми октябр

Вазни -90 кг (ҳамагӣ 12 гуштигир)

Комроншохи Устопириён (Тоҷикистон) – ғолиби ҷуфти Сунггат Закариев (Қазоқистон)/Достон Мейлиев (Узбакистон)

Эмомҷон Камолов (Тоҷикистон) – Дилшод Чориев (Узбакистон)

Вазни -100 кг (ҳамагӣ 12 гуштигир)

Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) – ғолиби ҷуфти Залан Оҳат (Маҷористон)/Давронбек Сатторов (Узбакистон)

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тошканд, ки то рӯзи якшанбеи 8-уми октябр идома меёбад, 183 гуштигир (91 мард ва 92 зан) аз 27 кишвар ширкат дорад. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78кг баргузор мешавад.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Барои ҷойи аввал 3 ҳазор доллар муқаррар шудааст, ки аз он 2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш супурда мешавад.

Барои ҷойи дувум 2 ҳазор доллар муқаррар шудааст, ки аз он 1600 долларро варзишгар ва 400 долларро мураббиаш мегиранд.

Барои ҷойҳои севум 1 ҳазор долларӣ муқаррар шудааст, ки аз он 800 доллар азони варзишгар ва 200 доллар азони мураббиаш мешавад.

XS
SM
MD
LG