Бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Непал ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд.
Ба иттилои мақомоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Моуд Бунёдифарди 32-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Абулфазли Муҳаммадризои 40-сола ва Саид Алинажодиёни 41-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Паём Ҳайдарии 30-сола бар дӯш дорад. Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Чан Лок Вун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро муқобили тими миллии Непал рӯзи сешанбеи 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор анҷом медиҳад. Ин бозии гурӯҳи «F» соати 18:00 шуруъ мешавад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омадааст.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-6) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 5 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-3) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6-7) дар ҷойи севум мебошад. Дастаи Непал бо як имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-6) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.
Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»
Даври 4-ум
10 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Непал
Яман – Филиппин
Даври 5-ум
14 ноябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Яман
Непал – Филиппин
Даври 6-ум
27 марти соли 2018 (сешанбе)
Филиппин – Тоҷикистон
Яман – Непал
Шуд шуд ки буданат маьлум. Гуломи халкабаргуши оилаи рахмонуф. Чи худта доно мегири, фикр мекуни, ки мардум бесаводанд. Ту як чоплуси конкретный хасти. Озоди чоп кунед чавоби маро
Ин метод хамон методе аст, ки соли 92 муроҷиати Сангак Сафаров ба мардуми Кулоб запис кардаги буд. КГБ хамон КГБи СССР мондааст, чизе тағир наёфтааст , давлати диктатори диктатор мондааст.
Ту табиби хубу донои, сари кали худро табобат кун....Эрон кави буд хаст ва мемонад....Офарин ба ин миллат ки тули 43 сол мухосираи иктисодии золимона факат пешрафт кардааст...Абобили Эрон хубу худаш ганда...Пантуркистон ба максади шуми худ намерасед...РО агар озоди нашр кун...
Добрый день.
Ту аввал навиштанро омуз