Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вартаи марг. Нигарониҳо аз бозпас фиристодани паноҳҷӯёни афғон. ВИДЕО


Созмони Авфи Байналмилал рӯзи 5-уми октябр бо нашри як гузорише гуфт, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо ихроҷи паноҳҷӯёну муҳоҷирони афғон, ҷони онҳоро дар хатар мегузоранд. Намояндагони созмон гуфтанд, бозпас фиристодани мардум ба ҷои ноамн амали ғайриқонунист ва бояд бас карда шавад.

Ҳеҷ гӯшаи Афғонистон барои афроди ихроҷшуда ором нест. Барои ҳамин мо мехоҳем, то замони амнтар шудани кишвар ихроҷро муваққатан қатъ кунанд.
Анна Ши

Ихроҷи паноҳҷӯёну муҳоҷирони афғон бо мувофиқати ҳукуматҳои Олмону Афғонистон сурат мегирад. Бар асоси созишномаи ду тараф ҳазорон муҳоҷири афғон бояд ба кишварашон бозгардонида шаванд.

Чунин амалкарди Олмону кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупоро Созмони Афви Байналмилал ғайриқонунӣ номид ва хост, ки ихроҷи афғонҳоро бас кунанд. Ба гуфтаи созмон, бозпас фиристодани муҳоҷирон ба вартаи марг андохтани онҳост.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Вартаи марг. Интиқод аз бозпас фиристодани паноҳҷӯёни афғон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Анна Ши, яке аз муаллифони гузориши “Бозпас фиристодан ба ҷойи хатарнок”, ки барои таҳияи гузориш ба Кобул рафтааст, афродеро дидааст, ки баъди бозгашт дар ҳамлаҳо маҷрӯҳ шудаанд. “Ман дар Кобул одамони ба тарсафтодаеро дидам, ки дар ҳеҷ ҷои дигар надидаам. Онҳо аз ҳамлаҳои террористӣ метарсанд, ё дар ин ҳамлаҳо маҷрӯҳ шудаанд.”

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, дар Афғонистон қатлу шиканҷа, тамаъҷӯӣ ва нақзи ҳуқуқи бунёдии инсон бисёр зиёд аст ва 20 гурӯҳи террористӣ дар онҷо амал мекунанд. Ба қавли созмон, соли 2016 аз Аврупо бештар аз 9 ҳазору 400 афғонро ба ватанашон бозпас фиристодаанд, ки 6 ҳазор нафар бештар аз соли 2015 аст.

Бо вуҷуди онки Амрико ва шариконаш дар Аврупо Толибонро соли 2001 дар Афғонистон сарнагун карданд, аммо ин гурӯҳ ҳамчунон ҳамлаву бомбгузориҳоро идома медиҳад. Амният дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул низ ҳамчунон заиф аст.

XS
SM
MD
LG