Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба ҳар ғолиби Бозиҳои осиёӣ мошин дод


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, ба мураббиён, ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои панҷуми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим намуд. Дар навбати худ варзишгарони туркман ба сарвари давлат дучарха ё велосипеди тиллоӣ эҳдо карданд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии «Открытая Азия онлайн» иттилоъ додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, президенти Туркманистон гуфтааст, ки ин тӯҳфаи гаронбаҳо ба осорхона супурда мешавад.

Дар Бозиҳои панҷуми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 17 то 27 сентябр дар Ишқобод баргузор шуд, варзишгарони туркман 245 медал – 89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ – гирифтанд.

Аз номи президент ба варзишгароне, ки дар бозиҳои "Ашхобод-2017" барандагони медалҳои тилло шуданд, автомашинаи Toyota Camry GL Executive тақдим шуд. Барандагони медалҳои нуқра бо 5000 доллар; ҷоизадорони биринҷӣ бо 3000 доллар; мураббиёни ғолибону ҷоизадорони бозиҳо бо автомошинаи Toyota Camry GL Executive сарфароз гаштанд.

Президенти Туркманистон ваъда кардааст, ба варзишгароне, ки бавижа хизмати шоён кардаанд, дар хонаҳои истиқоматии бароҳат ҳуҷраҳо тақдим мекунад.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ҳамагӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар байни 62 кишвар дар ҷойи 17-ум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG