Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Италия


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон, ки аз 30-юми сентябр то 2-юми октябр дар шаҳри Олбияи Италия баргузор шуд, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорони синашон аз 30 боло дар Италия 813 варзишгари мард аз 51 кишвар иштирок кард. Рақобатҳо мувофиқи сину соли гуштигирон дар даҳ гурӯҳ сурат гирифт.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро шаш нафар дар сабқати мардон намояндагӣ карданд: Мирзо Абдуллоев (М4 – 100 кг), Алишер Аламов (М3 – 73 кг), Аҳрор Холиқов (М3 – 73 кг), Бозоралӣ Маҳмудов (М5 – 100 кг), Каримҷон Мерганов (М3 – 100 кг), Раҷабалӣ Муҳаббатов (М3 – 73 кг).

Аз байни онҳо ду нафар бо медалҳо мукофотонида шуданд. Раҷабалӣ Муҳаббатов дар сабқати гурӯҳи 3-юм дар вазни зери 73 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шветсия, Русия ва Фаронса, дар нимфинал бар варзишгари сербиягӣ ғолиб омад. Вале Муҳаббатов дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Коҷӣ Комурои ҷопонӣ мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум медали нуқра гирифт.

Паҳлавони дигари тоҷик Мирзо Абдуллоев дар сабқати гурӯҳи чаҳорум дар вазни зери 100 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Каримҷон Мерганов бошад, дар сабқати гурӯҳи 3-юм дар вазни зери 100 кило мақоми панҷумро касб намуд.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи мардон мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ, инчунин як мақоми панҷум дар байни 51 кишвар ҷойи 23-юмро соҳиб шуд. Русия бо касби 27 медал (10 тилло, 9 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Италия бо касби 26 медал (7-9-10) дувум ва Фаронса бо касби 43 медал (5-13-25) севум шуданд.

XS
SM
MD
LG