Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2019. Дар ҳайати Тоҷикистон кӣ муқобили Непал бозӣ мекунад?


Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагии даста ба бозии даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Непал даъват шудаанд, эълон кард.

Ба иттилои мақомоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов омодагиро ба бозии гурӯҳи “F” бо мунтахаби Непал рӯзи 4-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор шуруъ мекунад.

Бозии даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непал 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Ба дастаи мунтахаб 23 бозигар – се дарвозабон, даҳ ҳимоятгар, ҳашт нимҳимоятгар ва ду ҳамлагар – даъват шудаанд. Дар миёни даъватшудаҳо чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон) ва Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) - ҳастанд.

Ҳамчунин нимҳимоятгари “Истиқлол” Нуриддин Давронов, ки ба иллати латхӯрӣ дар ду бозӣ муқобили дастаҳои Филиппин (3:4) ва Непал (2:1) иштирок накард, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон даъват шудааст.

Бозии даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непал 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 оғоз меёбад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон муқобили Непал:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ризоев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама – «Истиқлол»), Манучеҳр Аҳмадов (“Хуҷанд”), Ваҳдат Ханонов (“Барқчӣ”), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Нуриддин Давронов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар дар даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Тоҷикистон-2019 бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозӣ 5-уми сентябр дар шаҳри Катманду баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум Манучеҳр Ҷалилов боз кард. Баъди панҷ дақиқа голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 61-ум, бозигари мизбонон Бимал Ғартӣ Магар ҳисобро тағйир дод.

Ҷоми Осиё-2019. Мусобиқоти интихобӣ. Гурӯҳи «F».

Натоиҷи бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон

Даври 1-ум

ЯМАН – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 9 (0:1). Давронҷон Эргашев, 41 – ба дарвозаи худ (1:1). Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ, 63 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Ала Аддин Маҳдӣ (Яман), Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

28 март. Доҳа. Варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад. 380 тамошобин.

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – ФИЛИППИН – 3:4

Голҳо: Филипп Ҷеймс Янгхазбанд, 28 (0:1). Хавйер Патинйо, 41 (0:2). Хавйер Патинйо, 48 (0:3). Парвизҷон Умарбоев, 57 – аз пеналтӣ (1:3). Дилшод Восиев, 61 (2:3). Дайсуке Сато, 79 (2:4). Манучеҳр Ҷалилов, 90 (3:4).

Огоҳонида шуданд: Майк Отт, Дайсуке Сато, Кевин Ингресо, Патрик Филипп Дейто (Филиппин).

13 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 15 000 тамошобин.

Даври 3-юм

НЕПАЛ – ТОҶИКИСТОН – 1:2

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 25 (0:1). Дилшод Восиев, 30 (0:2). Бимал Ғартӣ Магар, 61 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Бикрам Лама (Непал), Парвизҷон Умарбоев, Фирдавс Чақалов, Амирбек Ҷӯрабоев (Тоҷикистон).

5 сентябр. Катманду. Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Непал. 1200 тамошобин.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври севуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-6) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 5 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-3) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6-7) дар ҷойи севум мебошад. Дастаи Непал бо як имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-6) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ, ки соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мубориза мебарад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарин - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд.

Мусобиқаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома хоҳад кард. Ҳар як даста дар марҳилаи интихобӣ ҳамагӣ шаш бозӣ – 3-тоаш дар хона ва 3-тоаш дар меҳмонӣ – анҷом медиҳад.

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»:

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

XS
SM
MD
LG