Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи аввал: Рақобат барои медалҳо шиддат мегирад


Баъди натиҷагирии бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 28-уми сентябр баргузор шуданд, дар ҷадвал дастаҳои “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд пешсафанд.

“Кӯктош” дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Равшан”-и Кӯлоб даҳ голи беҷавоб зад, ки чаҳортоаш ба ҳамлагар Меҳроҷиддин Музаффаров марбут аст. “Эсхата” бошад, дастаи мизбон - «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Ба ин тартиб, “Кӯктош” ва “Эсхата” бо 41-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якуму дувум қарор доранд. Дастаи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, ки бозии даври нуздаҳумро дар майдони худ бо тими «Зарбдор»-и Исфара бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, бо 38 имтиёз мақоми севумро касб кардааст.

Се бозии дигари даври нуздаҳум бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт: «Зарафшон» (Панҷакент) – «Локомотив-Помир» (Душанбе) – 3:2, «Сомон» (Данғара) – «Саройкамар» (Панҷ) – 2:0, «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) – «Маҳаллаи 83» (Душанбе) – 1:0.

То анҷоми мусобиқаи лигаи аввал се даври дигар мондааст. Мубориза барои медалҳо пуршиддат мегардад. Бозиҳои даври бистуми мусобиқа рӯзҳои 4-уму 5-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон

Даври 19-ум

«Ваҳдат» – «Зарбдор» – 2:2

Голҳо: Парвиз Деҳқонов, 20 (0:1). Одуро Авуко, 22 (1:1). Музаффар Фузайлов, 72 (2:1). Фирӯз Шамсиев, 90+3 (2:2).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

28 сентябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошобин.

«Зарафшон» – «Локомотив-Помир» – 3:2

Голҳо: Неъматҷон Отабоев, 17 (1:0). Шоҳрух Сангов, 33 (1:1). Хайём Усмонов, 44 (2:1). Самариддин Бадихов, 55 (3:1). Ҷонибек Шарифов, 67 (3:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Хайём Усмонов («Зарафшон»), 72 – барои бо пой задани рақиб.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

28 сентябр. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Равшан» – «Кӯктош» – 0:10

Голҳо: Холмурод Назаров, 2 (0:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 4 (0:2). Меҳроҷиддин Музаффаров, 28 (0:3). Меҳроҷиддин Музаффаров, 32 (0:4). Принс Артур, 33 (0:5). Меҳроҷиддин Музаффаров, 51 (0:6). Адҳам Абдуллоев, 61 (0:7). Адҳам Абдуллоев, 64 (0:8). Собир Холматов, 66 (0:9). Адҳам Абдуллоев, 77 (0:10).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

28 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Сомон» – «Саройкамар» – 2:0

Голҳо: Вайсиддин Сафаров, 79 (1:0). Бахтовар Наҷмиддинов, 82 (2:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон»), 88 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

28 сентябр. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

«Ҳулбук» – «Эсхата» – 1:2

Голҳо: Шоҳин Ҷалилов, 4 – аз пеналтӣ (1:0). Абдумалик Шодиев, 81 (1:1). Абдумалик Шодиев, 90+1 (1:2).

Садовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

28 сентябр. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

«Парвоз» – «Маҳаллаи 83» – 1:0

Гол: Бахтовар Зокиров, 48.

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

28 сентябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 100 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

19

13

2

4

55-16

41

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

12

5

2

43-24

41

3

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

18

11

5

2

38-14

38

4

«Сомон» (Данғара)

19

10

7

2

52-23

37

5

«Саройкамар» (Панҷ)

19

10

4

5

31-21

34

6

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

19

8

2

9

40-41

26

7

«Ҳулбук» (Восеъ)

18

5

6

7

28-33

21

8

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

16

5

1

10

25-38

16

9

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

18

4

3

11

21-32

15

10

«Зарбдор» (Исфара)

19

3

6

10

24-41

15

11

«Равшан» (Кӯлоб)

19

4

1

14

23-76

13

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

19

3

4

12

19-40

13

Даври 20-ум

4 октябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Равшан»

«Зарбдор» – «Зарафшон»

«Сомон» – «Ҳулбук»

5 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Саройкамар» – «Кӯктош»

«Маҳаллаи 83» – «Ваҳдат»

«Эсхата» – «Парвоз»

XS
SM
MD
LG