Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

51 медали варзишгарони тоҷик дар Ишқобод 


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод ҷараён доранд, дар рӯзи ёздаҳуми мусобиқот - 26-уми сентябр – шаш медал (3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бозиҳо мизбонон – варзишгарони туркман – пешсафанд. Мунтахаби Туркманистон то шоми 26-уми сентябр 244 медал (89 тилло, 70 нуқра ва 85 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Фарҳод Расулов дар мусобиқаи кикбоксинг дар вазни зери 74 кило дар навъи Kick Light миёни мардон пас аз бохт дар даври ниҳоӣ бо ҳисоби 0:3 аз рақибаш Гелдимаммедов аз Туркманистон барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Зӯҳро Холова, ки дар мусобиқаи кикбоксинг дар вазни зери 52 кило дар навъи Low Kick миёни занон дар даври ниҳоӣ аз Юяо Ли аз Чин бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд, соҳиби медали нуқра гардид.

Зафар Олимшоев, ки дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни зери 82 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ҷамолбек Асилбек Уулу аз Қирғизистон шикаст хӯрд, бо медали нуқра сарфароз гашт. Инчунин Нозимҷон Охиров, ки дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни зери 62 кило барои ҷойи севум Ҷасурбек Худойбердиеви узбакистониро шикаст дод, медали биринҷӣ гирифт. Сӯҳроб Абдулҳаев дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни зери 80 кило ва Мирзоамин Сафаров дар вазни зери 98 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар ёздаҳ рӯзи бозиҳо ҳамагӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ) гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар байни 36 дастае, ки бо медалҳои бозиҳо мукофотонида шудааст, дар ҷойи 17-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, се медали тиллоро ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар риштаи кикбоксинг миёни занон дар вазни зери 60 кило, Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило рӯзи 25-уми сентябр оварданд.

Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод, ки бо ширкати варзишгарони 62 кишвари Осиё ва Уқёнус баргузор шудааст, рӯзи 27-уми сентябр ба поён мерасанд. Шоми чоршанбе дар Ишқобод маросими ботантана пӯшидашавии бозиҳо доир мешавад.

Дар ин бозиҳо мизбонон – варзишгарони туркман - пешсафанд. Мунтахаби Туркманистон дар ёздаҳ рӯзи бозиҳо 244 медал (89 тилло, 70 нуқра ва 85 биринҷӣ) ба даст овардааст. Чин бо касби 93 медал (40 тилло, 30 нуқра ва 23 биринҷӣ) ҷойи дувум ва Эрон бо касби 116 медал (35 тилло, 22 нуқра ва 59 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб шудаанд.

Ба ҷуз Туркманистон боз се кишвари дигари Осиёи Марказӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ба даҳгонаи аввал дохил аст:

Қазоқистон – 94 медал (28 тилло, 28 нуқра, 38 биринҷӣ) - ҷойи 4-ум.

Узбакистон – 130 медал (24 тилло, 33 нуқра, 73 биринҷӣ) - ҷойи 5-ум.

Қирғизистон – 70 медал (13 тилло, 20 нуқра ва 37 биринҷӣ) - ҷойи 8-ум.

XS
SM
MD
LG