Ду бозии даври бистуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми шанбеи 23-юми сентябр ба поён расид. Дар як бозӣ меҳмонон ва дар бозии дигар мизбонон пирӯз шуданд.
“Истиқлол” бо 42 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад ва сарфи назар аз натоиҷи панҷ бозии охиринаш барои рақибонаш дастнорас шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ тими «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Зарбаҳои нишонраси Ҳикматулло Расулов, Хуршед Бекназаров, Ҷаҳонгир Эргашев ва Манучеҳр Аҳмадов ба “Хуҷанд” се имтиёз овард.
Баъди ин пирӯзӣ “Хуҷанд” бо 33 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа боз ба зинаи дувум баромад. ССКА “Помир”-и Душанбе низ ҳамин миқдор имтиёз дорад, вале як бозӣ бештар кардааст. Азбаски таносуби тӯбҳои “Хуҷанд” беҳтар ва ду ғалаба зиёд ба даст овардааст, аз рақиби аслиаш боло ҷойгир шудааст. Футболбозони ҳарду даста, ки барои худ медалҳои биринҷиро таъмин кардаанд, ҳамакнун муборизаро барои медалҳои нуқра идома медиҳанд.
Дар бозии дигари даври бистум «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 6:0 мағлуб кард. Чаҳор голро Комрон Турсунов ба ҳадаф расонд. Хуршед Маҳмудов ва Саидхони Амрохон якголӣ заданд.
Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки 18-уми сентябр дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи лигаи олӣ бар тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. “Истиқлол” шашумин бор бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.
Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 42 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад ва сарфи назар аз натоиҷи панҷ бозии охиринаш барои рақибонаш дастнорас шуд. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 13 бозӣ пирӯз шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастест, ки то ҳоло бохт надорад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 20-ум
«Ҳосилот» – «Хуҷанд» – 0:4
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 30 (0:1). Хуршед Бекназаров, 42 (0:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 62 (0:3). Манучеҳр Аҳмадов, 79 (0:4).
Огоҳонида шуданд: Ҳикматулло Расулов («Хуҷанд»), Ҷамшед Умаров («Ҳосилот»).
Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).
Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).
23 сентябр. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошогар.
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 6:0
Голҳо: Комрон Турсунов, 12 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 15 (2:0). Комрон Турсунов, 25 (3:0). Саидхони Амрохон, 71 (4:0). Комрон Турсунов, 78 (5:0). Комрон Турсунов, 90+1 (6:0).
Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Чориев, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Салимов, Беҳрӯз Ниёзов, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов («Панҷшер»).
Аз майдон хориҷ шуд: Икром Носиров («Панҷшер»), 65 – барои таҳқири сардовар.
Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
23 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1000 тамошогар.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа чунин аст:
1. “Истиқлол” – 42 имтиёз (16 бозӣ).
2. “Хуҷанд” – 33 имтиёз (18 бозӣ).
3. ССКА “Помир” – 33 имтиёз (19 бозӣ).
4. “Регар-ТадАЗ” – 23 имтиёз (20 бозӣ).
5. “Барқчӣ” – 20 имтиёз (17 бозӣ).
6. “Вахш” – 18 имтиёз (18 бозӣ).
7. “Панҷшер” – 16 имтиёз (20 бозӣ).
8. “Ҳосилот” – 15 имтиёз (18 бозӣ).
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Дилшод Восиев («Истиқлол») – 8-тӯбӣ.