Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 голи беҷавоби мунтахаби наврасони тоҷик ба дарвозаи Молдив


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола тими Молдивро бо ҳисоби бузурги 14:0 шикаст дод.

Ба мунтахаби Тоҷикистон барои гирифтани ҷойи аввал дар гурӯҳ ва роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 бозиро муқобили Умон мусовӣ кардан ҳам кофист.

Ин бозии даври дувуми мусобиқаи гурӯҳи “В” шоми 22-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Рустам Соиров чаҳор гол, Эмомалӣ Аҳмадхон се гол, Шарифбек Раҳматов ва Ислом Зоиров дуголӣ, Шоҳрух Сангов ва Азизбек Ҳасанов якголӣ заданд. Боз як голро Аҳмад Нахил Иброҳим, бозигари мунтахаби Молдив, ба дарвозаи худ зад.

Пеш аз ин бозӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Умон ва Сурия рақобат карданд. Умониҳо ба дарвозаи суриягиҳо шаш голи беҷавоб заданд. Ба ин тартиб, баъд аз натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дастаҳои Тоҷикистону Умон бо шашимтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “В” мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Ҳарду даста муборизаро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 идома медиҳанд. Вале тимҳои Сурия ва Молдив, ки имтиёз нагирифтаанд, шонси ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданро аз даст доданд.

Ҳамакнун мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии охиринашро дар гурӯҳи “В” рӯзи 24-уми сентябр бо тими Умон анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад. Ба мунтахаби Тоҷикистон барои гирифтани ҷойи аввал дар гурӯҳ ва роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 бозиро муқобили Умон мусовӣ кардан ҳам кофист.

Бар асоси дастури мусобиқа, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри соли оянда дар Малайзия баргузор мешавад, 10 дастаи ғолиби гурӯҳҳои интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувум аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

20 сентябр (чоршанбе)

Умон – Молдив – 8:0

Тоҷикистон – Сурия – 2:0​

Даври 2-юм

22 сентябр (ҷумъа)

Сурия – Умон – 0:6

Молдив – Тоҷикистон – 0:14

Даври 3-юм

24 сентябр (якшанбе)

16:00 – Сурия – Молдив

19:00 – Умон – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG