Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои V осиёӣ: варзишгарони тоҷик бидуни медали тилло


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар панҷ рӯзи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон 18 медал гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 25-ум қарор дорад. Вале Тоҷикистон бидуни медали тилло дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама охир аст.

Дар ин бозиҳо мисли пешин мизбонон – варзишгарони туркман - пешсафанд. Мунтахаби Туркманистон ҳамагӣ 127 медал (53 тилло, 37 нуқра ва 37 биринҷӣ) ба даст овардааст. Эрон бо касби 39 медал (10 тилло, 6 нуқра ва 23 биринҷӣ) ҷойи дувум ва Узбакистон бо касби 57 медал (7 тилло, 16 нуқра ва 34 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб шудаанд.

Мавқеи кишварҳои дигар дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 4. Қазоқистон (7 тилло, 8 нуқра, 15 биринҷӣ). 5. Чин (6 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ). 6. Тайланд (5 тилло, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ). 7. Имороти Муттаҳидаи Араб (5 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ). 8. Ҳиндустон (5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ). 9. Ветнам (4 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ). 10. Муғулистон (3 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ). 11. Кореяи Ҷанубӣ (3 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ). 12. Қирғизистон (2 тилло, 9 нуқра ва 15 биринҷӣ)... 25. Тоҷикистон (1 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ)... 28. Австрлия ( 1 медали биринҷӣ). 29. Сингапур (1 медали биринҷӣ).

Умуман, дар панҷ рӯзи бозиҳо варзишгарони 29 кишвар барандагони медалҳо гардида, намояндагони 24 кишвар бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони 63 кишвари Осиё ва Уқёнус ширкат доранд. Мусобиқот аз рӯи 21 намуд то рӯзи 27-уми сентябр идома меёбад.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо беш аз 120 варзишгар дар 15 намуд намояндагӣ мекунад. Варзишгарони тоҷик дар панҷ намуд - ҷиу-ҷитсу, гуштии анъанавӣ ё туркманӣ, таэквондо WTF, гуштии камарбандӣ ва муайтай - як медали нуқра ва 17 нишони биринҷӣ ба даст овардаанд.

Барандагони медалҳои Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз Тоҷикистон:

Таэквондо WTF

Манучеҳр Неъматов (вазни 54 кг) - медали нуқра.

Ҷиу-ҷитсу

Фирдавс Шарифов ва Фирдавс Абдупанобов (ҷуфти мардона, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,

Нигора Юсуфова ва Фирдавс Абдупанобов (ҷиу-ҷитсу, ҷуфти омехта, тарзи классикӣ) - медали биринҷӣ.

Гуштии анъанавӣ

Фаридун Қурбонов (вазни 57 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,

Анӯшервон Наврӯззода (вазни 90 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,

Абдураҳмон Маматқулов (вазни 100 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,

Самандар Эрназаров (анъанавӣ, вазни + 100 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,

Ҳасан Ёриев (вазни 82 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,

Абдураҳмон Маматқулов (вазни 100 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,

Маҳмад Миров (вазни + 100 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,

Самандар Эрназаров (вазни + 100 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ.

Гуштии камарбандӣ

Оятулло Хоҷаев (вазни 55 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,

Абдулло Алибердизода (вазни 60 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,

Эркинбек Абдунабиев (вазни 65 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,

Маҳмад Миров (вазни +100 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,

Худоёр Раҷабзода (вазни 65 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,

Достонбек Почоев (вазни 90 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ.

Муайтай

Давлат Болтаев (вазни 86 кг) – медали биринҷӣ.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG