Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ рӯзи 19-уми сентябр лоиҳаи фармоиши раиси ин кумитаро дар бораи қатъ намудани бархе аз гурӯҳҳои варзишӣ нашр кардааст.
Бар асоси ин лоиҳа дар муассисаҳои варзишии ин кумита ташкил кардани гурӯҳҳо оид ба 9 намуди варзиш - бокси касбӣ, зӯрозмоиҳои омехта, зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷанги дастӣ, панкратион, кикбоксинг (К-1), грэпплинг, ню-фулл-контакт, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ - қатъ карда мешаванд.
Ба иттилои мақомоти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ин тасмим бо мақсади иҷрои банди 11-и Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш гирифта шудааст.
"Дар муассисаҳои варзишӣ таъсис додани гурӯҳҳо оид ба намудҳои варзише, ки ба зӯроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс равона гардидаанд, манъ мебошад. Намуди варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил кардани гурӯҳҳо манъ мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд",-омадааст дар иттилоияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Ин кумита аз масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарон хоҳиш кардааст, ки то 30-юми сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро дар бастагӣ ба лоиҳаи фармоиши мазкур ба унвонии ин ниҳод пешниҳод намоянд.
Озоди хеле бомаврид. Дар дунёи пешрафта офтоба бо доман пушида наметавонанд. Акнун дастонл пур аз хуни Эмомали бо тимаш хеле кушоду равшан намоён мешавад. Мардум наворҳоро ба озоди бифиристед.
Лекин хич нафахмидам ки нафахмидам манзур аз сахнаи манкурт кадом тараф бошад ,ки манкуртои худира хуш наомада бошад
Мардумон рузи биhи металабанд аз аём Мушкил ин аст ки хар руз бад'тар мебинам!
Где вы увидели сепаратизм ?На самом деле мы таджики Памира титульная нация Таджикистана, а наш считают за диаспору. Кулобат , Ленинобод бар Померен лап обод, аммо Помер вев чон.
Вомарро ба хун олуда шуд. Бисери точикон моро айбдор мекунанд, ки мо халалдори сулх хастем. Лекин аз кадом сулх шумо гап мезанет? Ягон нишонахои сулхпарваронаи гасбкардагарони укуматро надидаем. Таьрихро бо хуни худ навишем