Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод баргузор мешавад


Бегоҳи 17-уми сентябр дар пойтахти Туркманистон - Ишқобод - маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор мешавад. Бо даъвати раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳо ширкати сарони якчанд кишварҳо, аз он ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ шаш медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки 16-уми сентябр дар Ишқобод шуруъ шуд, баъди натиҷагирии мусобиқоти рӯзи аввал аз рӯи ду намуди варзиш (ҷиу-ҷитсу ва гуштии анъанавӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Туркманистон бо касби 37 медал (16 тилло, 14 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шудааст. Узбакистон бо касби 13 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва Тайланд бо касби 7 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор доранд.

Умуман, дар рӯзи аввали бозиҳо варзишгарони 14 кишвар барандагони медалҳо гардида, намояндагони 6 кишвар бо медалҳои тилло мукофтонида шуданд. Мавқеи дастаҳои дигар, ки медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд, дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 4. Покистон (1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ). 5. Муғулистон (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ). 6. Афғонистон (1 тилло ва 1 нуқра). 7. Тоҷикистон (6 биринҷӣ). 8. Эрон ( 3 биринҷӣ), Қазоқистон (3 биринҷӣ), Ветнам (3 биринҷӣ). 11. Индонезия (2 биринҷӣ), 12. Қирғизистон (1 биринҷӣ), Лубнон (1 биринҷӣ), Филиппин (1 биринҷӣ).

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ шаш медали биринҷӣ ба даст оварданд. Фирдавс Шарифов ва Фирдавс Абдупанобов дар мусобиқаи ҷиу-ҷитсу дар рақобатҳои ҷуфти мардона (Men's Duo Classic), Нигора Юсуфова ва Фирдавс Абдупанобов дар рақобатҳои ҷуфти омехта (Mixed Duo Classic) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳраки олимпӣ
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳраки олимпӣ

Дар мусобиқаи гуштии анъанавӣ дар рақобатҳои озод миёни мардон чаҳор аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Фаридун Қурбонов дар вазни зери 57 кило, Анӯшервон Наврӯззода дар вазни зери 90 кило, Абдураҳмон Маматқулов дар вазни зери 100 кило ва Самандар Эрназаров дар вазни беш аз 100 кило - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Чунонки сомонаи расмии Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ хабар додааст, дар ин бозиҳо беш аз шаш ҳазор варзишгару ашхоси расмӣ аз 62 кишвар – 45 кишвари Осиё ва 17 кишвари Уқёнус – ширкат дорад. Инчунин дар бозиҳо варзишгарони мустақил ва дастаи гурезаҳо иштирок мекунанд. Мусобиқот аз рӯи 21 намуди варзиш, ки аслан намудҳои ғайриолимпианд, то рӯзи 27-уми сентябр идома меёбад.

Ба иттилои ин манбаъ, барои ширкат дар рақобатҳо аз рӯи барномаи ин бозиҳо 135 варзишгари тоҷик (120 мард ва 15 зан) дар 15 намуд номнавис шудаанд: баскетбол (3х3) - 4 мард, гуштии камарбандӣ – 25 мард ва 1 зан, шоҳмот - 3 мард ва 2 зан, варзиши сабук - 6 мард ва 2 зан, ҷиу-ҷитсу - 7 мард ва 2 зан, кикбоксинг - 7 мард ва 3 зан, гуштии кураш - 6 мард, муайтай – 5 мард, самбо – 9 мард, шиноварӣ - 3 мард ва 3 зан, таэквондо WTF – 4 мард ва 1 зан, велотрек – 2 мард, гуштии анъанавӣ – 16 мард ва 1 зан, вазнабардорӣ – 5 мард, гуштии варзишӣ (юнониву румӣ ва озод) – 18 мард.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони маъруф, ба мисли Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Беҳрӯзи Хоҷазода (гуштии кураш), Акмалиддин Каримов, Ҷомии Ҳасан (самбо), Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо WTF), Алишер Аҳмадов, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Холоваҳо (кикбоксинг), Искандари Рустам, Баҳодур Қодиров, Фарҳод Анақулов, Салим Хоҷаев, Азамат Сӯфиев (гуштии озод), Бахтовар Ҳасанов (гуштии юнониву румӣ), Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов (шиноварӣ), Абдусалом Саломов, Акрамхӯҷа Тошмуродов (гуштии камарбандӣ), Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ (шоҳмот) ва дигарон ҳастанд.

Барои баргузор кардани Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар маркази Ишқобод шаҳраки олимпӣ сохта шуд, ки дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст. Шаҳрак дорои маҷмааи зист барои 12 ҳазор кас, марказҳои тиббӣ ва фарҳангӣ, биноҳои иҷтимоиву маишӣ, нақлиёт ва ғайра мебошад, ки ба маблағи умумии 5 миллиард доллари ИМА бунёд ёфтааст. Варзишгоҳе, ки дар он маросими ифтитоҳи бозиҳо ва мусобиқот аз рӯи якчанд намуд баргузор мегардад, дорои 45 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.

Рӯзи 16-уми сентябр дар як маросим дар шаҳраки олимпии Ишқобод парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари чаҳор кишвари дигар – Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Лаос ва Самоа - барафрохта шуд.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида мусобиқотест, ки дар ҳар ду сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешуд. Аввалин Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида соли 2005 дар Бангкок (Тайланд) барпо гардида буд. Аз соли 2013 Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида бо Бозиҳои осиёӣ оид ба ҳунарҳои размӣ ба чорабинии ягона - Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ - муттаҳид карда шуданд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июли соли 2013 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд, 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дар ин бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари 45 кишвари қора аз рӯи 11 намуд рақобат карданд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 варзишгар шомил буд, ки онҳо дар чаҳор навъи варзиш – гуштии кураш, кикбоксинг, каратэ муайтай ва E-спорт (варзиши электронӣ) ширкат варзиданд. Дар ин бозиҳо мусобиқот аз рӯи он намудҳое барпо гардид, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил нестанд, вале хеле шавқангезу ҷолибанд.

Парвиз Собиров дар намуди гуштии кураш дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило ба унвони қаҳрамони бозиҳо даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Дар ин намуд Саидҷалол Саидов дар вазни зери 90 кило мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд. Ду медали дигарро варзишгарони тоҷик дар сабқати кикбоксинг миёни занон ба даст оварданд. Зӯҳро Холова дар навъи Low Kick (kj rbr) дар вазни зери 52 кило бо медали нуқра ва Ганҷина Хабибуллоева дар навъи Point Fighting (поинт файтинг) дар вазни зери 55 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 30 кишваре, ки соҳибони медалҳои Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ гардиданд, дар мақоми 16-ум қарор гирифт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG