Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Фестивали байналмилалии самбо 


Варзишгарони тоҷик дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии наврасон оид ба самбо барои ҷоизаҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Сомон Сангов дар вазни 48 кило ва Хайрандеши Муродзода дар вазни 65 кило барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин мусобиқот беш аз 60 варзишгар аз 6 кишвари аъзои СПАД -Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия - ширкат дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 7 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва дабири кулли Федератсиони самбои Тоҷикистон, рӯзи 15-уми сентябр аз шаҳри Маскав хабар дод.

Ӯ афзуд, “ин фестивал, ки дувумин бор дар пойтахти Русия доир шуд, барои варзишгарони ҷавон пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки моҳи октябр дар Сербия баргузор мешавад, як навъ озмоиш ба шумор мерафт. Варзишгарони ҷавон пас аз анҷоми мусобиқот дар Лагери байналмилалии варзишӣ иштирок карданд. Ба барномаи лагер рақобатҳои варзишӣ-тамринӣ, табодули таҷриба дар ташкили ҷараёни машқҳо, мастер класси варзишгарони маъруф дохил буд. Инчунин ширкаткунандагони фестивал бар асоси барномаи фарҳангӣ аз Майдони сурх ва осорхонаи «Хонаи марказии авиатсия ва кайҳоннавардии ДОСААФ-и Федератсияи Русия» дидан карданд.”

Ба иттилои Абдуллоев, рӯзи 13-уми сентябр дар Маскав, дар толори меҳмонхонаи «Пётри I», ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) доир шуд.

“Дар ин ҷаласа, ки ман низ ба ҳайси узви кумитаи иҷроияи Федератсиони байналмилалии самбо ширкат варзидам, Василий Шестаков, президенти FIAS, дар бораи фаъолияти созмони байналмилалии самбо дар мавсими имсола маърӯза кард. Ӯ таъкид намуд, яке аз комёбиҳои назарраси Федератсиони байналмилалӣ он аст, ки самбо ба барномаи Бозиҳои осиёии соли 2018 дар Ҷакартаи Индонезия дохил шуд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки теъдоди дараҷаи вазнҳо ду адад коҳиш меёбад, яъне аз моҳи январи соли 2019 мусобиқот ба мислиҷудо аз рӯи ҳафт вазн баргузор мешавад. Коҳиш ёфтани дараҷаи вазнҳо хеле муҳим аст, зеро ки самбо барои ҳамчун намуди олимпӣ пазируфта шудан довталаб аст ”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Дар ҷаласаи Федератсиони байналмилалии самбо макони баргузории мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2018 эълон шуд. Мусобиқоти ҷаҳонӣ соли оянда дар Бухарести Руминия барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG