Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ёздаҳ зина боло шуд


Акс аз fft.tj
Акс аз fft.tj

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 14-уми сентябр нашр шудааст, ёздаҳ зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 213 имтиёз дар ҷойгоҳи 140-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё мақоми 25-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал, дар ҷаҳон 25-ум аст.

Олмон дар феҳристи нави ФИФА бо 1606 имтиёз дар ҷойи аввал, Бразилия бо 1590 имтиёз дар ҷойи дувум ва Португалия бо 1386 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум), Русия (64-ум) ва Узбакистон (69-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Латвия (148-ум) ва Молдова (156-ум) пеш аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор муқобили мунтахаби Непал, ки дар феҳристи FIFA бо 117 имтиёз дар мақоми 175-ум қарор дорад, анҷом медиҳад.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG