Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 17-ум то 27-уми сентябр дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод - баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бозиҳо иштироки 5500 варзишгари беш аз 60 кишвари Осиё ва Уқёнус дар назар аст. Онҳо аз рӯи 21 намуди варзиш - шоҳмот, футзал, теннис, муайтай (бокси тайландӣ), самбо, кураш, ҷиу-ҷитсу, боулинг, велотрек, шиноварӣ, варзиши сабук, вазнабардорӣ, баскетбол, таэквондо (WTF), рақси варзишӣ, кикбоксинг, асптозӣ, гуштии камарбандӣ, гуштии варзишӣ (юнониву румӣ ва озод), билярд ва гуштии миллии туркманӣ - рақобат мекунанд.

Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида мусобиқотест, ки дар ҳар ду сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешуд.

Дар ин бозиҳо ширкати варзишгарони тоҷик оид ба шоҳмот, муайтай, самбо, ҷиу-ҷитсу, варзиши сабук, вазнабардорӣ, таэквондо (WTF), кикбоксинг, гуштии камарбандӣ, гуштии варзишӣ (юнониву румӣ ва озод) дар назар аст.

Барои баргузор кардани Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар маркази Ишқобод шаҳрчаи олимпӣ сохта шуд. Ин маҷмааи бузургтарини варзишӣ ҳудуди 30 иншоот, аз он ҷумла маҷмааи паралимпӣ ва маркази эҳёи тиббӣ, биноҳои иҷтимоиву маишӣ, нақлиёт ва ғайраро дарбар мегирад, ки ба маблағи умумии 5 миллиард доллари ИМА бунёд ёфтааст.

Дар ҳудуди шаҳрчаи олимпӣ барои баргузории Бозиҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст: маҷмааи зист барои 12 ҳазор кас, марказҳои тиббӣ ва фарҳангӣ, варзишгоҳи дорои 45 ҳазор ҷойи нишаст. Варзишгоҳ бо муҷассамае ороиш ёфтааст, ки дар он суроби асп дар баландӣ ба назар мерасад. Ин аспи даванд, аспи ахалтекинӣ мебошад, ки рамзи Туркманистон, сарвати халқи туркман аст.

Ҳудуди шаҳрчаи олимпӣ хеле бузург мебошад, бинобар ин, дар ин ҷо роҳи оҳани худӣ сохта шудааст, ки на танҳо иншооти варзиширо бо ҳам мепайвандад, инчунин ба сӯи шаҳрчаи олимпӣ, ба маконе, ки варзишгарон зиндагӣ ва истироҳат мекунанд, мебарад.

Дар шаҳрчаи олимпӣ тарабхона, китобхона, толори кино ва соири хидматрасониҳо ҷойгир шудаанд. Инчунин дар ин ҷо шуъбаи бонк, ҷойҳои фароғат, почта, қаҳвахона, марказҳои савдо амал мекунанд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод 17-уми сентябр баргузор мешавад. Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои ширкат дар ин маросим сарони кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо, аз он ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват кардааст.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида мусобиқотест, ки дар ҳар ду сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешуд. Аввалин Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида соли 2005 дар Бангкок (Тайланд) барпо гардида буд. Аз соли 2013 Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида бо Бозиҳои осиёӣ оид ба ҳунарҳои размӣ ба чорабинии ягона - Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ - муттаҳид карда шуданд.

Мақомоти Туркманистон пеш аз баргузории Бозиҳои осиёӣ дар ин кишвар фурӯши нӯшокиҳои спиртиро манъ кардаанд. Расонаҳо гузориш додаанд, ки дӯконҳои шаробфурӯшӣ баста ва ҳамаи маҳсулоти дорои алкоҳол аз фурӯшгоҳҳои Ишқобод барчида шудааст. Мақомот дастур додаанд, ки фурӯши машрубот то моҳи октябр мамнуъ аст. Ҳамчунин пеш аз баргузории ин бозиҳо мақомот равуои сокинон дар пойтахти Туркманистонро маҳдуд карданд.

Садҳо сагу гурбаи бесоҳиб дар Туркманистон дар арафаи Бозиҳои осиёӣ сарпаноҳ ёфтанд. Дар ин кишвар бори аввал паногоҳи расмии ҳайвонҳои бесоҳиб таъсис ёфт. Ин паногоҳро сокинони маҳаллӣ дар наздикии шаҳри Ишқобод таъсис доданд. Кӯча ва хиёбонҳои Ишқобод ҳам аз талбандаҳо "пок" карда шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG