Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар финали байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 бо тими «Бенгалуру”-и Ҳиндустон, финалисти мусобиқаи порсолаи Ҷоми AFC, рақобат мекунад.
Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
Рақиби “Истиқлол” аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC миёни дастаҳои «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) маълум шуд. Бозии ҷавобии ин дастаҳо, ки имрӯз, 13-уми сентябр, баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар бозии аввал “Бенгалуру” дар майдони худ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд. Аз ин рӯ, футболбозони Ҳиндустон ба финали байниминтақавии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд.
Ба иттилои мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои финали байниминтақавии Ҷоми AFC миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Бенгалуру” 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва 18-уми октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешаванд.
Дар бозии аввали финали минтақаи Ғарбӣ 12-ум сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия дар майдони худ бар «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо 26-уми сентябр баргузор мешавад.
Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
Ҷоми AFC-2017
Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ
Бозиҳои аввал
22 август (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес Негрос» (Филиппин) – 4:0
23 август (чоршанбе)
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – 3:0
Бозиҳои ҷавобӣ
12 сентябр (сешанбе)
«Серес Негрос» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
13 сентябр (чоршанбе)
«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – 0:0
Финали байниминтақавӣ
Бозии аввал
27 сентябр (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)
Бозии ҷавобӣ
18 октябр (чоршанбе)
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Минтақаи ғарбӣ. Финал
Бозии аввал
12 сентябр (сешанбе)
«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ) – 2:1
Бозии ҷавобӣ
26 сентябр (сешанбе)
«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ)
ФИНАЛ
4 ноябр (шанбе)
Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)/«Эйр Форс» (Ироқ)
Вазъяит худ шуруъ аз сарзадани коронавирус, ҳодисаҳо дар сарҳадҳо бо Қиргизистону Афғонистон, ҳодисаҳои Украина беҳад душвор аст, боз, миттингҳои шумо намерасид. Монед як кучак сарзаминӣ мо тинҷу босубот бошад. Илтимос бас кунед амин митингҳоятонро. Бовар кунед, безор аз ҳамин миттингҳоятонам
Фарҳанги сиёсӣ ва дарки амиқи он дар мафкураи даҳ миллион тоҷикистонӣ бузург нишон додани диктатор ва узурпатор аст, ба ибораи дигар бузургпарастӣ ва шахсиятпарастӣ ҷузъи фарҳанги сиёсии тоҷикон аст. Яъне, касе ки пулу молу давлату сарвату ҷоҳу коху кушкаш аз мо бисёр бошад, то охири умр ғуломи бузургии ӯ мешавем ва ӯро аз худ боло мешуморему мепиндорему меҳисобему мепарастему меситоем. Масалан, мардум мегӯянд: ин писари президент, ин шофёри президент, ин домоди президент, ин “охрана”-и президент, ин қасри президент, ин ҳамкурси президент, ин мошини президент, ин дачаи президент, ин фалони президент ва ғ… Вакилони парлумонро ягон кас намешиносад. Мансабдоронро намешиносанд. (Шиносоии сиёсӣ дар назарам).
Ту буи озодиро надони. Ту пешво(эшр) дори
Агар ту фикри гуломи дори ба ту чи гуям. Гулом будан ба пешво фахр аст. Ин шиори ту
Ёдгор роҳбари сазовор буд, лекин ин мардум аз у низ норозӣ буданд Боз киро биёранд ? Илон Маскро биёранд ?