Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 100 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳашт моҳи гузашта дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон беш аз 100 нафар ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 13-уми снетябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари ин афрод аз беэҳтиётӣ бо чунин вазъ дучор шудаанд.

Ӯ гуфт, дар ин муддат ғаввосони тоҷик тавонистаанд, ҷони 80 нафари дигарро наҷот бахшанд. Умеда Юсуфова афзуд, ҳоло барои ҷилавгирӣ аз чунин вазъ беш аз 100 ғаввоси тоҷик аз минтақаҳои мухталифи кишвар давраҳои бозомӯзиро мегузаранд.

"Ҳоло кори ғаввосон камтар шудааст ва то 22-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мутахассисони Кумита дар шаҳри Душанбе барои ғаввосони наҷотбахш дарсҳои назариявӣ ва сипас дар кӯлҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон машғулияти амалӣ баргузор мекунанд", - гуфт ӯ.

Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон дар кӯлу дарёҳои кишвар чандин нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Мақомот мегӯянд, баъзан сокинон барои оббозӣ ба минтақаҳое мераванд, ки оббозӣ дар онҷо мамнӯъст. Дар гузашта баъзе аз мутахассисон пешниҳод карда буданд, ки дар мактабҳои кишвар дарси шиноварӣ ҷорӣ ва хонандагон аз ин навъи варзиш имтиҳон бисупоранд.

XS
SM
MD
LG