Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017-ро бо тими "Серес Негрос" бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Аз он ранҷурам, ки мутаассифона, дар бозии оянда ба иллати хориҷшавӣ се бозигари калидии мо ширкат намеварзад.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Серес Негрос» ва “Истиқлол” шоми имрӯз, 12-уми сентябр, дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди Филиппин ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 34-ум бозигари мизбонон Ҳеррера боз кард. Голи ҷавобиро легионери русиягии “Истиқлол” Дмитрий Барков (дақиқаи 45+2) зад. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 70-ум ҳимоятгари “Истиқлол” Артём Барановский, легионери русиягӣ, аз майдон хориҷ шуд.

Дар як нишасти хабарӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии «Истиқлол», баъди бозӣ муқобили “Серес Негрос” чунин ибрози назар кардааст: "Бозӣ душвор гузашт. Майдон хуб набуд. Барои мо дар чунин майдон бозӣ кардан мушкил буд, зеро ки мо дар майдони рӯпӯшаш сунъӣ одат кардаем. Мо баъди як шабонарӯз ба Филиппин расидем. Аз парвози тӯлонӣ хаста шудем. Дар бораи бозӣ ҳаминро гуфтаниам, ки мо ба дарвозаи рақиб бештар зарба задем, бисёр лаҳзаҳои мувофиқро ба амал овардем, вале ба мо гол намерасид. Аз он ранҷурам, ки мутаассифона, дар бозии оянда ба иллати хориҷшавӣ се бозигари калидии мо ширкат намеварзад. Ман намехоҳам, ки ҳукми ҳакамонро шарҳ бидиҳам, вале намефаҳмам барои чӣ сардовар Артём Барановскийро аз майдон хориҷ кард. Дар он лаҳза аз ҷониби ҳимоятгари мо дидаву дониста вайрон кардани қоидаи бозӣ ба чашм намерасид. Боз ду нимҳимоятгари марказии мо, ки пеш аз ин бозӣ яктоӣ огоҳӣ доштанд, дар нимаи аввали дидор боз яктоӣ корти зард гирифтанд."

Ҷоми AFC-2017
Нимфинали байниминтақавӣ. Бозии ҷавобӣ

«Серес Негрос» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Мануэл Ҳеррера, 34 (1:0). Дмитрий Барков, 45+2 (1:1).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Александр Стетсенко, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 76), Ҷаҳонгир Алиев (Ромиш Ҷалилов, 71), Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 64), Дмитрий Барков.

Огоҳонида шуданд: Кевин Ингрессо, Биенвенидо Мараанон («Серес Негрос»), Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Артём Барановский («Истиқлол»), 69.
Сардовар: Ко Хюнг Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ).

Комиссари бозӣ: Башир Абдулхолиқ (Лубнон).

12 сентябр. Баколод. Варзишгоҳи «Панаад Парк Стэдиум». 4 752 тамошогар.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC–2017 «Серес Негрос»-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дода буд. Ин бозӣ 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Голи дувумро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 67-ум, Манучеҳр Ҷалилов голи севумро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зад. Голи чаҳорум ва ниҳоӣ низ ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Ӯ тӯбро дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.​

Ба ин тартиб, “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев аз рӯи натоиҷи ду бозӣ пирӯз шуд ва ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфт. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.

Дар бозиҳои ниҳоии минтақаи Ғарбӣ 12-ум ва 26-уми сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал

22 август (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес Негрос» (Филиппин) – 4:0

23 август (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – 3:0

Бозиҳои ҷавобӣ

12 сентябр (сешанбе)

«Серес Негрос» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1

13 сентябр (чоршанбе)

«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Финали байниминтақавӣ

Бозии аввал

27 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин) – Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозии ҷавобӣ

18 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) - Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин)

Минтақаи ғарбӣ. Финал

Бозии аввал

12 сентябр (сешанбе)

«Эйр Форс» (Ироқ) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Бозии ҷавобӣ

26 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ)

ФИНАЛ

4 ноябр (шанбе)

Ғолиби байниминтақавӣ – Ғолиби ҷуфти «Эйр Форс» (Ироқ)/«Ал-Ваҳда» (Сурия)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG