Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, барои бозии ҷавобии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 бо тими «Серес Негрос» рӯзи 10-уми сентябр ба шаҳри Баколоди Филиппин расид.

«Истиқлол» дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC–2017 «Серес Негрос»-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Бино ба иттилои вебсайти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, даста, ки дар меҳмонхонаи “Тhe Sugarland Hotel” қарор дорад, шоми имрӯз, 10-уми сентябр, тамрин мекунад. Фардо, 11-уми сентябр, пеш аз бозӣ нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиён ва якнафарӣ бозигарони ҳарду даста доир хоҳад шуд.

Бозии ҷавобии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои«Серес Негрос» ва “Истиқлол” 12-уми сентябр дар Баколод, дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум», соати 16:30 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ муқобили «Серес Негрос»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев.

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Артём Барановский, АлександрСтесенко,Амирбек Ҷӯрабоев.

Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Алиев, Дэвид Мавутор, Муҳаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Сулаймонов.

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев, Дмитрий Барков.

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC–2017 «Серес Негрос»-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Ду гол дар нимаи аввал ва ду голи дигар дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Голи дувумро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 67-ум, Манучеҳр Ҷалилов голи севумро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зад. Голи чаҳорум ва ниҳоӣ низ ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Ӯ тӯбро дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Ғолиби ин ҷуфт ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфта, дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.

Дар бозиҳои ниҳоии минтақаи Ғарбӣ 12-ум ва 26-уми сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал

22 август (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес Негрос» (Филиппин) – 4:0

23 август (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – 3:0

Бозиҳои ҷавобӣ

12 сентябр (сешанбе)

«Серес Негрос» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

13 сентябр (чоршанбе)

«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Финали байниминтақавӣ

Бозии аввал

27 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин) – Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозии ҷавобӣ

18 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) - Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин)

Минтақаи ғарбӣ. Финал

Бозии аввал

12 сентябр (сешанбе)

«Эйр Форс» (Ироқ) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Бозии ҷавобӣ

26 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ)

ФИНАЛ

4 ноябр (шанбе)

Ғолиби байниминтақавӣ – Ғолиби ҷуфти «Эйр Форс» (Ироқ)/«Ал-Ваҳда» (Сурия)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG