Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми президенти Қазоқистон: Русия ғолиб, Тоҷикистон шашум шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 4-ум то 8-уми сентябр дар шаҳри Талғар баргузор шуд, мақоми шашумро касб кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи “В” се бозӣ анҷом дод.

Дар Ҷоми президенти Қазоқистон ҳашт дастаи наврасон аз ҳафт кишвар ширкат дошт. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи “А” – Албания, Гурҷистон, Қазоқистон-1 ва Қирғизистон, гурӯҳи “В” – Қазоқистон-2, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон.

Бар асоси дастури мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо -Гурҷистон (гурӯҳи “А”) ва Русия (гурӯҳи “В”) - ба бозии ниҳоӣ, ки 8-уми сентябр баргузор шуд, роҳ ёфтанд. Замони асосӣ ва иловагии бозии ниҳоӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ футболбозони ҷавони Русия бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд. Дар бозӣ барои ҷойи севум мунтахаби ҷавонони Узбакистон бар дастаи мизбон – Қазоқистон-1 - бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи “В” се бозӣ анҷом дод. Футболбозни навраси тоҷик дар нахустин бозиашон бар дастаи дувуми мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби бузурги 6:0 ғалаба карданд. Вале мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар аз дастаи Узбакистон бо ҳисоби 1:3 ва аз мунтахаби Русия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз дар гурӯҳи “В” баъди дастаҳои Русия (9 имтиёз) ва Узбакистон (4 имтиёз) дар ҷойи севум қарор гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон 8-уми сентябр барои ҷойҳои панҷуму шашум бо дастаи Албания, ки дар гурӯҳи “А” севум шуд, рақобат кард. Наврасони тоҷик бозиро бо ҳисоби 0:2 бохтанд ва ҷойи шашумро соҳиб шуданд.

Ҷоми президенти Қазоқистон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 20-ум то 24-уми сентябр дар Ҳисор барпо мегардад, маҳсуб мешуд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Сурия, Молдив ва Умон рақобат мекунад.

Ҷоми президенти Қазоқистон-2017

Даври 1-ум
4 сентябр (душанбе)

Албания – Гурҷистон – 0:5
Қазоқистон-1 – Қирғизистон – 1:0
Қазоқистон-2 – Тоҷикистон – 0:6
Русия – Узбакистон – 2:0

Даври 2-юм
5 сентябр (сешанбе)

Русия – Қазоқистон-2 – 9:0
Гурҷистон – Қирғизистон – 7:1
Узбакистан – Тоҷикистон – 3:1
Қазоқистон-1 – Албания – 2:0

Даври 3-юм
7 сентябр (панҷшанбе)

Узбакистан – Қазоқистон-2 – 2:2
Қирғизистон – Албания – 1:4
Тоҷикистон – Русия – 0:2
Қазоқистон-1 – Гурҷистон – 4:4

Бозиҳои тасаллобахш ва финал
8 сентябр (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
Қазоқистон-2 – Қирғизистон – 2:1

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Албания – Тоҷикистон – 2:0

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
Қазоқистон-1 – Узбакистон – 1:4

Финал
Русия – Гурҷистон - 1:1 (1:1) - аз рӯи силсилаи пеналтӣ - 5:4

Барандагони ҷоизаҳои инфиродии Ҷоми президенти Қазоқистон-2017:

Беҳтарин дарвозабони мусобиқа – Ешенко Сергей (Русия)
Беҳтарин ҳимоятгари мусобиқа – Данила Прохин (Русия)
Беҳтарин нимҳимоятгари мусобиқа– Шамил Хамит (Қазоқистон)
Беҳтарин ҳамлагари мусобиқа – Руслан Розиев (Узбакистон)
Беҳтарин нишонзани мусобиқа – Зурико Давидашвили (Гурҷистон)
Беҳтарин бозигари мусобиқа – Кваратсехилия Крича (Гурҷистон)

XS
SM
MD
LG