Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трампи хурдӣ мулоқоташ бо вакили дифои русро шарҳ дод


Доналд Трампи хурдӣ
Доналд Трампи хурдӣ

Доналд Трампи хурдӣ, писари калонии президенти Амрико, рӯзи 7-уми сентябр вохӯрияшро бо вакили дифои рус Наталя Веселнитская дар соли гузашта ба аъзои кумитаи ҳуқуқи Сенати Амрико шарҳ дод.

Бино ба хабарҳо, Трампи хурдӣ гӯиё дар вохӯрӣ бо вакили дифои рус "маълумот"-и зидди рақиби падараш дар интихоботи президентии Амрико -- Ҳиллари Клинтонро баррасӣ кардааст.

Дар сӯҳбати писари Трамп бо аъзои кумитаи ҳуқуқи Сенат, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ба мулоқоти ӯ бо вакили дифои рус бештар таваҷҷуҳ шудааст. Ин кумита дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии Амрико таҳқиқ дорад.

Доналд Трампи хурдӣ гуфт, на ӯ ва на шахсоне, ки мешиносад, бо кадом як ҳукумати хориҷие нияти созишро надоштанд.

Вай дар шарҳи ҳадафи вохӯриаш бо Веселнитская афзуд, мехост, дар давраи пешазинтихоботӣ тамоми маълумоти марбут ба "хулқу касбият ва сазовории Ҳиллари Клинтонро ба мақоми президентӣ" ҷамъоварӣ кунад. Дар ин бора "Ню-Йорк Таймс" хабар додааст.

Дар ин суҳбат баъзе сенаторҳои амрикоӣ низ ҳузур доштанд. Ричард Блументали демократ изҳори умед кард, ки Трампи хурдӣ дар ҷаласаҳои бози кумитаи Сенат низ баромад хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG