Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Мексика, Чин ва Умон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиҳо ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар мусобиқаи байналмилалӣ "The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017" дар Чин иштирок мекунад.

Мусобиқаи Чин барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 мебошад, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар Ҳисор баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа, ки аз 20-ум то 24-уми сентябр дар шаҳри Сюйтзини Чин баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Мексика, Умон ва Чин иштирок мекунанд.

Ба иттилои мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар нахустин бозии худ 20-уми сентябр бо ҳамсолонашон азМексика рӯбарӯ мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум 22-юми сентябр бо дастаи Чин ва дар даври ниҳоӣ 24–уми сентябр ботими Умон бозӣ хоҳад кард.

Мусобиқаи Чин барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 мебошад, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар Ҳисор баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобӣ барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки соли оянда дар Индонезия доир хоҳад шуд, бо дастаҳои Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Молдив (6 ноябр) ва Узбакистон (8 ноябр) рақобат мекунад.

Мусобиқаи байналмилалӣ "The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017"

Даври 1-ум
20 сентябр (чоршанбе)

13:00 – Мексика (U-19) – Тоҷикистон (U-19)
16:30 – Чин (U-19) – Умон (U-19)

Даври 2-юм
22 сентябр (ҷумъа)

13:00 – Умон (U-19) – Мексика (U-19)
16:30 – Тоҷикистон (U-19) – Чин (U-19)

Даври 3-юм
24 сентябр (якшанбе)

13:00 – Тоқикистон (U-19) – Умон (U-19)
16:30 – Чин (U-19) – Мексика (U-19)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG