Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми журналист Ҷонболат Мамай имрӯз содир мешавад. ВИДЕО


Рӯзи 7 сентябр қарор аст додгоҳ ҳукми худро нисбати журналисти қазоқ эълом кунад.

Рӯзноманигор ва муҳаррири нашрияи мухолифи "Трибуна"-и Қазоқистон Ҷонболат Мамай, ки дар "пулшӯӣ" айбдор мешавад, рӯзи 6 сентябр дар додгоҳ сухани охирини худро ироа ва айби эъломшударо бори дигар рад кард.

Мамай гуфт, ягон кас, ҳатто Жаксилик Жаримбетов, ки дар доираи "парвандаи дуздии пулҳои бонки БТА" зиндонӣ гашт, ба сиёсати редаксионии "Трибуна" дахолат накардааст. "Танҳо кормандони нашрия метавонистанд, сиёсати редаксиониро муайян созанд. Мо ҳеч вақт фармоиши сиёсии касеро иҷро накардаем", - афзуд ӯ.

Сухани охирини Ҷонболат Мамай
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:39 0:00

Рӯзноманигори қазоқ дар идома ба ҷонибдорон, фаъолони гуруҳи ташаббускори "Кумитаи ҳимоят аз Ҷонболат Мамай", созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва расонаҳо, ки раванди баррасии парвандаи ӯро бозтоб карданд, миннатдорӣ баён намуд.

Ҷонболат Мамайи 29-сола аз 10 феврал ба ин сӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Вай дар шустушӯи пулҳои ғайриқонунии бонки БТА айбдор мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, ин пулҳо ба сиёсатмадори қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ паноҳ мебарад, рабт доштанд. Ҳам Аблязов ва ҳам Мамай айбҳои эълоншударо рад мекунанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ 4 сентябр барои Мамай чаҳор соли зиндон талаб кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Дарси тасвири бадани урён дар як Донишкадаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
XS
SM
MD
LG