Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Тоҷикистон ба Узбакистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки 5-уми сентябр дар шаҳри Талғар баргузор шуд, аз тими Узбакистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дар Ҷоми президенти Қазоқистон ҳашт даста ширкат дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи “А” – Албания, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, гурӯҳи “В” – Қазоқистон-2, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон. Бар асоси дастури мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври севуми мусобиқа 7-уми сентябр бо ҳамсолонашон аз Русия рақобат мекунанд. Ин бозӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ҷоми президенти Қазоқистон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 20-ум то 24-уми сентябр дар Ҳисор барпо мегардад, маҳсуб мешавад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Сурия, Молдив ва Умон рақобат мекунад.

Ҷоми президенти Қазоқистон-2017

Даври 1-ум
4 сентябр (душанбе)

Албания – Гурҷистон – 0:5
Қазоқистон – Қирғизистон – 1:0
Қазоқистон-2 – Тоҷикистон – 0:6
Русия – Узбакистон – 2:0

Даври 2-юм
5 сентябр (сешанбе)

Русия – Қазоқистон-2 – 9:0
Гурҷистон – Қирғизистон – 7:1
Узбакистан – Тоҷикистон – 3:1
Қазоқистон– Албания – 2:0

Даври 3-юм
7 сентябр (панҷшанбе)

9:00 – Узбакистан – Қазоқистон-2
11:00 – Қирғизистон – Албания
13:00 – Тоҷикистон – Русия
16:30 – Қазоқистон – Гурҷистон

Бозиҳои тасаллобахш ва финал
8 сентябр (ҷумъа)

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
11:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
13:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
17:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG