Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки 4-уми сентябр дар шаҳри Талғар шуруъ шуд, бар тими дувуми мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби бузурги 6:0 ғалаба кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ Ҷонибек Шарифов ва Рустам Соиров дуголӣ, Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров якголӣ ба самар расонданд. Дар Ҷоми президенти Қазоқистон ҳашт даста ширкат дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи “А” – Албания, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, гурӯҳи “В” – Қазоқистон-2, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон. Бар асоси дастури мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар даври дувуми мусобиқа имрӯз, 5-уми сентябр, бо ҳамсолонашон аз Узбакистон рақобат мекунанд. Ин бозӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ҷоми президенти Қазоқистон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 20-ум то 24-уми сентябр дар Ҳисор барпо мегардад, маҳсуб мешавад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Сурия, Молдив ва Умон рақобат мекунад.
Ҷоми президенти Қазоқистон-2017
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
Албания – Гурҷистон – 0:5
Қазоқистон – Қирғизистон – 1:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Гурҷистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
5-0 |
3 |
2 |
Қазоқистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
3 |
Қирғизистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
4 |
Албания |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-5 |
0 |
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
Қазоқистон-2 – Тоҷикистон – 0:6
Голҳо: Ҷонибек Шарифов (2), Рустам Соиров (2), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров.
Русия – Узбакистон – 2:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
6-0 |
3 |
2 |
Русия |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-0 |
3 |
3 |
Узбакистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-2 |
0 |
4 |
Қазоқистон-2 |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-6 |
0 |
Тақвими бозиҳои боқимонда
Даври 2-юм
5 сентябр (сешанбе)
9:00 – Русия – Қазоқистон-2
11:00 – Гурҷистон – Қирғизистон
13:00 – Узбакистан – Тоҷикистон
16:30 – Қазоқистон– Албания
Даври 3-юм
7 сентябр (панҷшанбе)
9:00 – Узбакистан – Қазоқистон-2
11:00 – Қирғизистон – Албания
13:00 – Тоҷикистон – Русия
16:30 – Қазоқистон – Гурҷистон
Бозиҳои тасаллобахш ва финал
8 сентябр (ҷумъа)
9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
11:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
13:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
17:00 – Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.